28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

1061
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти соҳаи сохтмон, ташхису назорат, иҷозатномадиҳию иҷрои меъёри қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин санҷиши лоиҳаи таҳияшуда 12 июл дар назди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. бо иштироки муовинони Раиси Кумита, сардорони Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони зерташкилотҳои Кумита, сармуҳандис ва сармеъморони лоиҳаҳои пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, кормандони Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, экспертони штатӣ ва ғайриштатии КВД «Ташхисгар» машварати корӣ доир гардид.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
Бояд гуфт, ки машварат дар шакли озод баргузор гардид ва Раиси Кумита иштирокчиёнро пайваста таъкид намуд, ки ҳамеша бояд барои ободии кишвар талош кунем. Супоришҳои Ҳукумати кишварро сари вақт иҷро намуда, дар фаъолияти сохтмон тағйиру иловаҳо ва дигаргуниҳои муфид ворид намоем. Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. оид ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва КВД «Ташхисгар», ҶСК «Шаҳрофар», Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ва КВД «Лоиҳакаш», инчунин камбудиҳои ҷойдошта, ҳолати коргузорӣ, иҷрои супоришҳои дахлдор ва роҳи ҳалли онҳо, ҳамзамон беҳтар намудани самти фаъолияти корӣ ҳарф зад.
С.Ф.Саъдуллозода-сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Қ. Наимов оид ба талаботҳои Раёсат, тартиби қабули ҳуҷҷатҳо, мӯҳлати гузаронидани ташхис ва дигар масъалаҳои баҳсталаб суханронӣ намуданд.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад[right][/right]
Норматова М.А.-муовини директори КВД «Ташхисгар» дар гузориши худ тартиби гузаронидани ташхиси давлатӣ, муайян намудани экспертон барои ташхис, камбудиҳои лоиҳакашон ҳангоми таҳияи лоиҳа, ташхиси қисмҳои алоҳидаи лоиҳа, мутахассисон дар соҳа ва сатҳи иҷозатномадиҳию риоя накардани меъёру қоидаҳои асосии шаҳрсозӣ дар баъзе аз корхонаҳои сохтмонӣ ва дигар масъалаҳои истеҳсолиро қайд кард.
Дар машварат ҳамчунин Ишанов Б.М., Султонзода М.С., Файзуллозода Н.Қ., Ҳомидов Д. ва дигарон оид ба кору фаъолияти корхонаҳои худ ҳарф зада, камбудию муваффақиятҳо дар cоҳаи сохтмон аз ҷониби иштироккунандагон муҳокима гардиданд.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад[center][/center]
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. фикру пешниҳоди ҳозиринро дар масъалаи беҳтар намудани соҳаи сохтмон дар ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуда, бо назардошти масъалаҳои ҷойдошта супориш ва тавсияҳо дод.
Д.Нурзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво