28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ғолиби озмуни сохтмони иншооти НБО «Роғун» 257 сарбандро дар ҷаҳон бунёд кардааст

1709
Ғолиби озмуни сохтмони иншооти НБО «Роғун» 257 сарбандро дар ҷаҳон бунёд кардааст
27-уми июни соли 2016 ҷаласаи Комиссияи тендерҳои байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» аз миёни 40 ширкати ватанӣ ва ширкатҳои хориҷии 17 давлати ҷаҳон ширкати «Салини Импреҷило»-ро ғолиби тендери байналмилалӣ оид ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” эълон намуд. Ба ин муносибат санаи 01.07.2016 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия (Salini Impregilо) ба имзо расид.
Мувофиқи ахбори мавҷуда Ширкати байналмилалии итолиёвии «Салини Импреҷило» соли 1959 бо номи «Impregilo S.p.A.» дар Италия фаъолияташро шурӯъ кардааст. Моҳи январи соли 2014 ширкати «Impregilo S.p.A.» ҷиҳати мукаммал намудани фаъолияти худ бо ширкати «Salini» муштарак гардида, номашро ба «Salini Impregilo S.p.A.» тағйир дод.
Ин ширкат зиёда аз 110 сол боз ба сохтмони иншооти азим ва комплексҳои инфрасохтории ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи бунёди плотина (садд), неругоҳҳои барқи обӣ, роҳи оҳан, нақбҳои зери заминӣ, пулҳо ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ, роҳҳои тезгарди қатора, портҳои баҳрӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ машғул мебошад. Ширкати «Салини Импреҷило» дар ҷаҳон ба миқдори 257 садд (плотина) ва неругоҳҳои барқи обӣ бунёд намуда, шумораи коргарони ширкат соли 2015 зиёда аз 34 ҳазору 400 коргарро ташкил додааст. Ин ширкат дар фаъолияти худ аз инноватсияҳои технологии муосир истифода бурда, лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти гидроэнергетикиро амалӣ мегардонад ва оид ба иҷро намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар бахшҳои (соҳаи) обӣ дар ҷаҳон пешсаф мебошад.
Ширкати мазкур дар давраи фаъолияташ чунин иншоотҳои бузургро бунёд намуда ба истифода додааст:
Сарбанди (плотинаи) «Кариба» дар кишвари Зимбабве, соли 1959;
Сарбанди (плотинаи) «Дез» дар кишвари Эрон, соли 1963;
Сарбанди (плотинаи) «Акосомбо» дар Гана, соли 1966;
Манораи «Абу Симбел» дар Ҷумҳурии Мисри Араб, соли 1968;
Сарбанди (плотинаи) «Тарбелла» дар кишвари Покистон, соли 1976;
Нақби нақлиётии роҳи байналмиллалии «Фреҷус» дар кишварҳои Фаронса ва Италия, соли 1980;
Роҳи оҳани «Транс-Габон» дар кишвари Габон, соли 1982;
Пули байналмилалии «Санта-Круз» дар кишварҳои Аргентина ва Парагвай, соли 1990;
Сарбанди (плотинаи) «Ғази Браза» дар кишвари Покистон, соли 2002;
Сарбанди (плотинаи) НБО «Карачукар» дар кишвари Исландия, соли 2008;
Қатораи тезгарди «Милан-Турин» дар кишвари Италия, соли 2009.
Ҳоло ширкати «Салини Импреҷило» дар ҳудуди беш аз 50 давлати ҷаҳон фаъолияти густурда дорад.
Мавриди зикр аст, ки ширкати «Салини Импреҷило» дар якҷоягӣ бо ширкати испаниягии «Сасир Валеҳермосса» дар тендери байналмилалӣ оид ба васеъ намудани канали Панама ғолиб баромада, дар сохтмони он саҳм гузоштааст. Инчунин, ширкати «Салини Импреҷило» соли 2010 сохтмони неругоҳи бузурги барқи обии «Gibe 2» дар Эфиопия ва нерӯгоҳи бузурги обии барқии «Bujagali»-ро дар Уганда бо муваффақият ба анҷом расонидааст.
Бо назардошти маълумоти овардашуда метавон бо боварӣ изҳор кард, ки ширкати «Салини Импреҷило» дар сохтмони иншооти НБО «Роғун» тамоми маҳорату малака ва таҷрибаи ғании худро истифода намуда, иншооти мазкурро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати аъло ба анҷом мерасонад. Ба ибораи дигар, фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт буда, ба ҷалби ин корпоратсияи бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Муҳаммад Қодиров,
донишҷӯи бахши 4-уми факултети обу энергетикаи Донишгоҳи Токио, Япония




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво