29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Қасри фарҳанг» тӯҳфаи арзанда ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

757
Мардуми кишвар ҳамасола яке аз ҷашнҳои арзишмандтарин — Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллати тоҷик имкон дод, ки дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вилояти Хатлон, имрӯзҳо бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори сокинони кишварамон меҳнаткашони ноҳияи Темурмалик низ барои рушди минбаъдаи кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонӣ ва сабзу хуррамгардониро ривоҷ дода истодаанд.
Аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ, соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ бисёр иншоот ба истифода дода шуданд, ки ба ноҳия ҳусни иловагӣ зам мекунанд. Бунёди як қатор корхонаҳои нави барои аҳолӣ манфиатбахш оғоз гардиданд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёд ҷойҳои нави корӣ пайдо гашта, сатҳи зиндагонии аҳолӣ боз ҳам беҳтар мешавад. Айни замон сохтмони Қасри фарҳанг барои 400 ҷой, толори варзишӣ барои 300 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ҳамаи ин ва дигар дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки агар дар байни мардум дӯстӣ, ваҳдат ва сулҳу субот пойдор бошад, дилхоҳ вазифаҳои мушкилро низ иҷро намудан имконпазир аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво