Абдуалимзода Абдукарим

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ А Р О Р


аз 31 майи соли 2016 № 222 ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуалимзода А.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуалимзода Абдукарим муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон


Абдуалимзода Абдукарим

Абдуалимзода Абдукарим 1-уми сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1977 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм кардааст.

Собиқаи умумии кориаш 39 сол аст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 оғоз намудааст.

Солҳои 1977-1981 ба ҳайси устои Коллонаи сайёри механиконидашудаи № 19 трести «Деҳотсоз»-и ноҳияи Файзобод кор кардааст.

Солҳои 1981-1985 ҳамчун усто, прораби калон, сармуҳандиси Идораи сохтмонии №25 трести «Механиконидашудаи махсуси сохтмон»-и Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Аз моҳи март то моҳи августи соли 1985 дар вазифаи муҳандиси пешбари раёсати истеҳсолии Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуддааст. Солҳои 1985-1989 дар вазифаҳои прораби калон, сармуҳандис, сардори Идораи сохтмони №25 трести «Механиконидашудаи махсуси сохтмон»-и Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1989 сардори идораи сохтмони махсускунонидашудаи №7 иттиҳодияи кооперативии «Хонасоз» таъин шуда, то соли 1993 дар ин вазифа кор кардааст. Солҳои 1993-1995 вазифаи муовини директори Корхонаи хурди маркази истеҳсолии «Электрон»-ро бар ӯҳда дошт.

Солҳои 1995-2000 ба ҳайси сардори корхонаи хурди №7 Ҷамъияти саҳҳомии «Душанбесохтмон»-и Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон»-ро иҷро намуд. Аз соли 2000 то соли 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи сохтмони асосии хоҷагии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Солҳои 2007-2015 дар мансаби директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаҳои идомаи сохтмони мактабҳои миёна кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи майи соли 2016 муваққатан озод буд.

Аз 31-уми майи соли 2016 бо Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №222 муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво