23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ

949
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 солагии Ваҳдати миллӣ ва 10 солагии КВД «ПИТ сохтмон ва меъморӣ» дар Рӯзи ҷавонон як қатор чорабиниҳои варзишӣ дар назар гирифта шудааст. Субҳи 21-уми май дар боғи «800-солагии Москва», теннисбозон ва шоҳмотбозони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, инчунин донишҷӯёни факултаи сохтмон ва меъморӣ ва иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Бозии футболи дастаи футболбозони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ рӯзи 23 май дар майдони варзишии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ғолибони чорабиниро тӯҳфаҳои хотиравӣ ва арзишманд интизор аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво