29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» -конфронс дар ДМТ

921
Имрӯз бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осаиёи Марказӣ» конфронси илмию амалии байналхалқӣ доир гардид.
Ба андешаи мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, номзади илмҳои филология Абдулмумин Қутбиддинов, баргузории чунин конфронс барои омӯзгорону муҳаққиқон ва аспирантону магистрони факултаи журналистика муҳим ва саривақтӣ аст, зеро ҷаҳони имрӯза ҷаҳони иттилоот, таъсиррасонӣ ва набардҳои иттилоотӣ мебошад.
Осиёи Марказӣ садсолаҳо боз мавриди таваҷҷуҳи абарқудратон қарор дошта, Аврупою Осиёро ба ҳам мепайвандад ва он минтақае мебошад, ки ҳар нафаре, ки дар ин минтақа таъсир ва нуфуз дорад, ҷаҳонро идора карда метавонад, -гуфт Абдулмумин Қутбиддинов.
Ҳамчунин номбурда илова намуд, ҳоло хурсандиовар он аст, ки кишвархои Осиёи Марказӣ метавонанд дар муқобили мушкилоти ҷаҳоние, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ пайдо мешаванд, истодагарӣ намоянд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамаи ин ҷабҳаҳо ВАО нақш дорад ва метавонад худшиносии мардумро ба вуҷуд оварда, дар ҷаҳонбинии онҳо таъсири худро расонад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво