29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Оқибати офатҳои табииро якҷоя бартараф менамоем»- Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

861
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) баъд аз боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир ва сар задани офатҳои табиӣ дар қаламрави кишвар, ки бар асари он ба хоҷагии халқи мамлакат, иқтисодиёти кишвар, соҳаи кишоварзӣ, роҳу пулҳо, махсусан рӯзгору манзили зисти сокинон зарар расидааст, изҳори ҳамовозӣ ва дастгирии маънавию ҷисмонии аъзои хешро дар саросари мамлакат иброз медорад.
Ҳамзамон ИҶТ аз тамоми ҷавонони ба нангу номуси қишрҳои гуногуни ҷомеа, соҳибкорону ҷавонон даъват ба амал меорад, ки дар пешорӯи ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши «Беҳдошти фазои экологӣ» онҳоро дастгирӣ намоянд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ- дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи қаламрави кишвар тавассути ташкили ҳашари ҷумҳуривии бартарафкунии оқибатҳои офат, барқароркунии хонаҳои сокинони кишвар ва расонидани кумакҳои моддиву маънавӣ мебошад.
Дар минтақа ва шаҳру ноҳияҳое, ки офати табиӣ рух надодааст, ҷавонон метавонанд ба тозаву озода намудани гулгашту хиёбонҳо, лаби дарё, боғҳо ва беҳдошти фазои экологӣ, иқдоми хайру савоб ва ватандӯстона шуғл варзанд.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур дар асл кори хайру савоб ва пайравӣ аз сиёсати созанда ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат буда, бори дигар ҳамдилӣ, ягонагӣ, дӯстӣ ва ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик, махсусан қишри боэътимоди ҷомеа- ҷавонони созандаро инъикос менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво