25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Рӯзи дави миллӣ»

1300
«Рӯзи дави миллӣ»
Субҳи 15-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ «Рӯзи дави миллӣ» баргузор гардид. Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар сокинони пойтахт, ҷавонон, кормандони вазорату корхонаҳо дар Рӯзи дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ин пойгаҳи оммавӣ дар шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии "Чорбоғ" шурӯъ шуда, дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" ба анҷом расид.
Тавре маълум гардид, дар маросими дави миллӣ дар пойтахт 40 ҳазор нафар иштирок намуда, донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама фаъол буданд.
Ба иттилои ташкилкунандагони чорабинӣ, дар ин маърака ғолибон муайян намегарданд ва он танҳо ба хотири оммавияти варзиш ихтисос дода шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво