28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

130 рӯзи омодагии Душанбе ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

1058
Даршаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 130 рӯзи омодагӣ ба ин санаи муҳиму фархундаи таърихӣ эълон карда шуд.
Тибқи он бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмӯъ, аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар як шаҳраку маҳалла ва дар маҷмӯъ, пойтахт сафарбар карда мешавад.
Дар асоси ин қарор нақшаи кории муовинони раиси шаҳр тасдиқ шуда, ба онҳо ҳар як ноҳияи пойтахт вобаста гардидааст. Дар ин росто муовинони раиси шаҳр аз натиҷаи корҳои омодагӣ ва ҷараёни татбиқи онҳо рӯзҳои душанбеи ҳафтаи дуюм ва чоруми ҳар моҳ дар ҷаласаҳои назоратии назди раиси шаҳр дар радифи дигар роҳбарони сохторҳои пойтахт ҳисобот медиҳанд. Ҳамзамон барои самаранок истифода намудани вақти корӣ дар давраи 130 рӯзи омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ баргузории ҳама гуна ҷаласаҳо дар назди муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои шаҳрӣ қатъиян манъ мегардад.
Аз ин рӯ, муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт танҳо рӯзи шанбе аз соати 8:00 то 12:00 шаҳрвандонро қабул намуда, рӯзи душанбе дар идора ба баррасии ҳуҷҷатҳои хизматӣ машғул мешаванд. 130 рӯзи омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт аз 26 апрел оғоз гардида, то 3 сентябри соли равон идома меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво