29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намоиш дар сатҳи баланд доир гардид

1181
Намоиш дар сатҳи баланд доир гардидБо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо намоишгоҳи «Тоҷ ЭКСПО» рӯзҳои 28-30-юми апрел дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоиши байналмилалии масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ баргузор гардид.
Манзура Рустамова- муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мазкурро ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз баргузории онро дар рушди мутақобилаи соҳаи сохтмон дар доираи васеи ҷаҳонӣ иброз дошт.
Дар намоиш 35 ширкати сохтмонӣ аз мамлакатҳои Олмон, Италия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина, Туркия, Тоҷикистон масолеҳи сохтмонии худро пешкаши мизоҷон гардонданд.

Намоиш дар сатҳи баланд доир гардидҶДММ «Исол» аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият карда истодааст. Раҳматулло Солеҳов-директори генералии ҶДММ «Исол» зимни сӯҳбат иброз дошт, ки ҷамъият ба васл ва хизматрасонии лифтҳо дар биноҳои истиқоматии баландошёна ва ширкатҳои калони давлатӣ машғул аст. ҶДММ «Исол» дар ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷии Туркия, Олмон, Россия ва Хитой фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Айни ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 400 лифти истеҳсоли ҷамъияти мазкур барои мизоҷон хизмат мекунанд. Маҳсулоти ҶДММ «Исол»-ро метавонем дар ширкати Tcell, терминали нави ҳавопаймоӣ, «Қасри миллат», ҶСК «Ориёнбонк»-и шаҳри Душанбе ва қисми зиёди биноҳои истиқоматии пойтахт мушоҳида кард. Лифтҳои ҷамъияти мазкур бо сифати олӣ истеҳсол шуда, аз 100 кг то 2т вазнро бардошта, бо суръати аз 0,6 м/с то 2,5 м/с ҳаракат мекунанд. Ба иттилои Р.Солеҳов лифтҳои ҶДММ «Исол» ба талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ пурра ҷавобгӯ буда, то 25 сол кафолати истифодабариро доранд.
Баргузории чунин намоишҳо барои аксарияти корхонаҳои навташкил имкон медиҳанд, ки ҳарчӣ бештар мизоҷони худро дар бозори ҷаҳонӣ пайдо кунанд.
Намоиш дар сатҳи баланд доир гардид

ҶДММ «Ҷаҳони нав ММ» корхонаи навташкил буда, соли 2015 ба фаъолият шурӯъ намудааст. М.Далер-ҳаммуассиси корхонаи мазкур зимни сӯҳбат гуфт:- «…корхонаи мо фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои туркӣ бо истеҳсоли ранг ва маводи ороишии сохтмонӣ оғоз намуд. Баргузории чунин намоиш ба мо имконият дода истодааст, ки мо шарикон ва мизоҷони бештар дарёфт кунем. Ният дорем, ки маҳусолти истеҳсоли ҷамъиятро зиёдтар карда, ба Афғонистону Россия интиқол диҳем».
Дар намоиш ҳамчунин ширкатҳоии сохтмонии «TEKSAN», «AIRCON», «Созмон», «Корвони аср», «Хишти сабук», «Пенҷин технолоҷи», «ФГ - Групп», «Paradyz», «Стар пласт» ва ғайра беҳтарин маҳсулоти худро пешкаши мизоҷон гардонданд. Намоиш дар сатҳи баланд доир гардида, мизоҷон низ аз баргузории чунин намоишҳо қаноатманд гардиданд.
Ф.Музофирова




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво