25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

1506
Бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои наздик бо ҷалби сармояи мустақим корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна, корхонаи гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Ба иттилои масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, то рӯзҳои таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамчунин бакорандозии корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва дигар иншооти муҳими саноатӣ дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво