29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шиносоии соҳибкорони Русия бо соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон

773
Як гурӯҳи соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи саноати сабуки Русия аз 18-ум то 23-уми апрел бо ҳадафи шиносоӣ бо корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар ва баррасии масоили ҳамкорӣ аз Тоҷикистон дидан мекунанд. Сафари мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва дар ҳамкорӣ бо ширкати таҳиякунандаи намоишгоҳҳо — “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода” баргузор мегардад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Ба ҳайат соҳибони корхонаҳо, ки ба хариди риштаи пахтагин, матои трикотажӣ ва маҳсулоти дигари нассоҷиву дӯзандагӣ таваҷҷуҳ доранд, намояндагони ширкатҳои хариди яклухт ва шабакаҳои тиҷоратӣ, ки ба аутсорсинги истеҳсолотӣ алоқаманданд, намояндагони ширкатҳои фурӯши таҷҳизоти нассоҷӣ ва намояндагони ширкати “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода” шомиланд.
Барномаи сафар аз Хуҷанд шурӯъ шуда, он ҷо ҳайати Русия бо корхонаҳои «Нассоҷи Хуҷанд», «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Лидер», «РБТ Тоҷикистон» ва «Фирӯз» шинос мешавад. Меҳмонон ҳамчунин дар Истаравшан аз «Ноҳид», дар Мастчоҳ аз «Олим Текстайл», дар Ёвон аз «ХИМА-Текстил» ва «Ваҳдат» ва дар шаҳри Душанбе аз «Нафиса», «Гулистон», «Ёқут-2000» дидан карда, бо ҷараёни истеҳсолот ва шароити корӣ дар корхонаҳо шинос мешаванд. Ҳамчунин мулоқот бо намояндагони вазоратҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назар буда, 22 апрел вохӯрии васеи кории намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Сафари кории мазкур бо назардошти алоқамандии бузурги соҳибкорони Русия ба истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, ки дар Ҳамоиши тиҷоратии Русия–Тоҷикистон-Қирғизистон дар шаҳри Маскав аз 16-уми феврали соли равон нишон дода шуд, баргузор мегардад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво