24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳавзи сунъии деҳаи Барсем бехатар гардонида мешавад

962
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хотири коҳиши хатари ҳавзи сунъии деҳаи Барсем, ки бар асари ҷорӣ гардидани сел ва баста шудани маҷрои дарёи Ғунд ба вуҷуд омад, бо сармуҳандиси Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии Фарғона Нурулло Искандаров мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба амалисозии ду лоиҳаи асосӣ, ки аз тариқи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудаанд, суҳбат намуданд. Зикр гардид, ки амалишавии лоиҳаи барқароркунии оби ирригатсионии деҳаи Барсем ва барқароркунию соҳилмустаҳкамкунии маҷрои дарёи Ғунд дар мавзеи Бердибекобод бо суръат ҷараён дорад. Маблағи хароҷоти ин ду лоиҳа ҳудуди севуним миллион сомониро ташкил дода, қарор аст, ки то 5-уми майи соли равон иншоотҳои номбурда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари ҷорӣ шудани сел дар тобистони соли гузашта ба шабакаҳои обрасонии деҳаи Барсем хисороти зиёд ворид шуда, маҷрои дарёи водии Ғунд баста ва ҳавзи сунъӣ бо баландии бештар аз 50 метр ба вуҷуд омад. Зарур аст, ки то гармшавии ҳаво ва боло рафтани сатҳи оби дарё сарбанди ин ҳавз бехатар гардонида шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво