29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

1049
Ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣИмрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Зимни баррасии масъалаи якуми ҷаласа дар бораи иҷрои қарорҳои ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратӣ Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим таъкид кард, ки дар доираи иҷрои қарорҳои ҷаласаи понздаҳуми Шӯро “Рӯзи соҳибкор” ва Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, як қатор тадбирҳои муҳими дигар дар роҳи беҳтар намудани соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ гардидаанд.
Доир ба масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласаи Шӯро, аз ҷумла муаррифии лоиҳа ва натиҷаҳои таҳлили Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, натиҷаҳои таҳлили пешакии мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд гузориш доданд.
Барои баррасӣ дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёт пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.
Дар хотимаи кори ҷаласаи 16-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар масъулони дахлдорро барои иҷрои саривақтии нақшаю чорабиниҳо ва қарору тавсияҳои ҷаласаи навбатии Шӯро вазифадор намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво