26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафарбарии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия ва Қазоқистон

994
433 муҳоҷири меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар шуданд. Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз 9 то 11 апрел дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд сафарбарии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, ҶДММ “Роҳи Абрешим” 167 нафар, ҶДММ “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 107 нафар, ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 70 нафар, Филиали ҶДММ “Суғдиён Помир тур” 24 нафар ва ҶСК “Нақлиёт” 15 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия равон карданд.
Бино ба иттилои сарчашма, муҳоҷирони меҳнатӣ асосан минтақаи Сибир — шаҳрҳои Сургут, Новосибирск, Красноярск, Ижевск, Нефтеюганск ва Новокузнетскро интихоб намуданд. Аз шумораи умумӣ 24 нафар муҳоҷиронро филиали ҶДММ “Суғдиён Помир тур” ба Қазоқистон сафарбар намуд. Дар маросими гусел муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Раёсат бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин гардида, бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шинос шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво