28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Авҷи сохтмони хонаҳои баландошёна дар Бадахшон

1026
Бар асари боронгариҳои шадиди чанд рузи охир ҳавзҳои обсофкунии марбут ба Корхонаи обу корези шаҳр рахна шуда, наздик буд вориди хонаҳои истиқоматӣ гардад. Аммо сари вақт аз ин хатар ҷилавгирӣ шуд. Ба гуфтаи сармуҳандиси ин корхона Акбаршо Шоназиров, ин панҷ ҳавз дар солҳои 70-уми аср гузашта бунед ёфта, ба Комбинати гӯшту шири шаҳр тааллуқ доштанд, ки ғунҷоиши хамагӣ 600 метри кубӣ партовро доранд. Аммо баъдан қубурҳои корхонаи обу корезии шаҳр низ ба ин ҳавз пайваст шуданд ва ҳоло ба онҳо 5 ҳазор метри кубӣ партов сарозер мегардад. Муҳандиси корхона гуфт, ки чанд соли пеш бо қарори раисони собиқи шаҳр дар назди ҳавз хонаҷой ҷудо шуд ва ҳоло барои сохтани ҳавзи иловагӣ ҳеҷ имконият вуҷуд надорад. Илова бар ин интиқоли техникаву механизмҳоро ба ҳавзҳои мазкур аз даст додем, то такшинро тоза карда, ба ин минвол ҳаҷми нигаҳдории партовро афзоиш диҳем.
Дар ҳамин ҳол сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти маъмурӣ, маишию фарҳангӣ ба таври бесобиқа дар шаҳр идома дорад ва табиист, ки дар ояндаи наздик қубурҳои ин биноҳо низ ба ҳавзҳои обсофкунанда пайваст хоҳанд шуд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво