20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Душанбе пойтахти қасри ҷовидони Наврӯз

1190
Душанбе пойтахти қасри ҷовидони Наврӯз
Фазои Тоҷикистони офтобӣ қабои идона ба бар дорад. Мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик чун дигар халқу миллатҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷашни бостонии Наврӯзи хуҷастапайро бо фараҳу шодӣ, умеду ормонҳои нек баҳри фардои дурахшон, бо тамоми оину суннатҳои фархундаи ин ҷашни ҷамшедӣ, ки таърихи шашҳазорсола дорад, дар наврӯзгоҳ ва боғу майдонҳо зери осмони софу нилгун таҷлил доранд. Воқеъан имрӯз Тоҷикистон ба базмгаҳи Наврӯзи аҷам табдил гардидааст, хусусан Душанбешаҳр пойтахти ватани Наврӯзро мемонад.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дирӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод намуд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар 22 март Рӯзи гӯштингирон, 23 март Рӯзи аспдавонон ва 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.Пешниҳоди Пешвои миллат аз ҷониби иштирокдорони тантанаҳои наврӯзӣ ва аҳли ҷомеа хуш истиқбол гардид. Дар ин росто бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ибтикори шаҳрдории Душанбе 22 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки беҳтарин паҳлавонон аз саросари мамлакат мусобиқи гӯштини миллӣ баргузор мегардад, ки беҳтарин гӯштингирро ҷоизаи шаҳрдорӣ автомобили сабукрав интизор аст.
Ҳамзамон фардо 23 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи пойга ё аспдавонӣ гузаронида мешавад, ки дар ин сабқат ҳам аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ асптозону човандозҳои номӣ даъват гардидаанд. Асптозе, ки дар ин мусобиқа ғолиб меояд, соҳиби як аспи бодпои зоти тоҷикӣ мегардад. Инчунин 23 март сокинони ноҳияҳои пойтахт ҷашни фархундапайи Наврӯзро дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони «800-солагии Москва», боғҳои фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» таҷлил менамоянд.
Тозакорию ободонӣ яке аз суннатҳои неку олии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз маҳсуб меёбад. Дар ин росто 24 март бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар пойтахт корҳои сабзкорию ободонӣ сурат мегирад. Дар ин рӯз тамоми сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва кормандони идораю муассисаҳо ба корҳои тозагию созандагӣ машғул гардида, атрофи хонаҳои истиқоматӣ, идора, муассиса ва корхонаҳоро тозаю озода гардонида, гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида, дар сабзу хуррам ва тозаю озода гардонидани маҳалли зист ва ҷои корашон саҳми шоиста мегузоранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво