29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хуҷанд: Баргузории “Корвони наврӯзӣ” ва “Фестивали лола”

1384
Маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо ба худ хос намуди идона дорад. Зеро кӯчаву хиёбонҳо, бинову маҳаллаҳо ва мавзеъҳои истироҳатии шаҳр таровати наврӯзиро ба худ касб кардаанд. Имрӯзҳо беш аз 1 миллион гулҳои лолаи “ҳолландӣ” ва ду миллион гулҳои ороишии навъи «Марҷонгул», бо фарорасии гармӣ шукуфта ба шаҳри рӯди Сир ҳусну таровати хоссае бахшидаанд. Бо ҳама ин тайёри шаҳр ба қабули меҳмонон ва таҷлили ҷашни Наврӯз бо баргузории барномаи рангин бо ном “Корвони наврӯзӣ” ва “Фестивали лола” омодагии худро баен медорад.

Омодагӣ ба баргузории “Корвонӣ наврӯзӣ” ва “Фестивали лола” дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, то имрӯз дар ин самт корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.

Ба иттилоъ манбаъ, чунин хос як корвонӣ наврӯзӣ дар ҷумҳурӣ ва вилоят бори аввал гузаронида шуда, санаи баргузории он 25 март дар назар буда, дар он Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон низ, ки алъон зимни сафари кории худ дар суғд қарор дорад, иштирок хохад кард.

Дар корвонӣ наврӯзӣ, ки дар саҳни майдони назди маркази савдои “Авесто”, воқеъ дар хиёбони маркази Исмоили Сомони қарор дорад, беш аз 6 ҳазор иштирокчи намояндагони ҳама бахшҳои хоҷагии халқ, чи кормандони соххоти гуногун, ва ҳамчунин донишҷуёну толибилмони синфҳои болоӣ, ширкат варзида, дастовардҳои худро ба намоиш гузошта, бо раҳпаймоиву ҳунарнамоӣ, анъанаҳову рақсу бозиҳои миллии аҷдодиро намош хоханд дод.
Иштирокдорон бо либосҳои хоси ягона ва ҳамчунин, духтарон бо либосҳои миллии атлас ва адрас ва чакан баромад хоханд кард. Дар корвони наврузӣ, ки аз 20 қисм иборат аст, дар қатори намоши расму оин, либосҳои тоҷикиву рақсу сурудҳои таҷассумгари миллиамон, инчунин сокинони доираи мамлакатҳои таҷлилкунандаи Навруз низ, чун рақсу сурудҳои эрониву афғонӣ, озариву қазоқӣ, русиву қирғизӣ ва ғр нишон дода мешаванд.

Ҳамчун, имрӯзҳо баҳри дар сатҳи баланд баргузории “Фестивали лола”, дар кучаву хиёбонҳои шаҳр, ки чанде пеш дар он 1 млн лола ва 2 млн 12 намуд гулҳои ороишӣ, ва дар маҷмӯъ 3 млн пиёзакҳои гулу лолаҳо шинонида шуда буданд, алъон шукуфта ба ҳусни намуди шаҳр ва ҷойгоҳи баргузории чорабиниҳои асосӣ намуди дилангезро ба худ бахшидааст.

Дар рафти “Фестивали лола” намоиши гуногуни лолахову гулхои ороишиву хамешасабзи рангоранг ва ҳамчунин намоиши хунархои мардумӣ, хунархои эъчодии рассомону нақшкашон, зардузон, ки дар мавзуъи лола, дар шаклу намудҳо гуногун маҳсули худро офаридаанд пешкаши меҳмононну тамошобинон гузошта мешавад. Дар чорабиниҳои маскур ширкати иштирокчиён аз манотикхои гуногуни кишвар низ дар назар аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво