25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

• Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

984
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон ҷашни Наврӯзи аҷам дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҷабалӣ Тағоев ва раиси ноҳия Амирбеки Темур сокинону меҳмононро бо ҷашни Наврӯзи аҷам шодбош гуфта, барояшон хушбахтӣ ва дар зиндагияшон тинҷию оромиро таманно намуданд.
Дар ин рӯз бо иштироки меҳмонон тӯйи хатнасури 150 нафар кӯдак ва ҷашни арӯсии 10 ҷуфти навхонадор гузаронида шуда, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
Ҳамчунин дар рӯзҳои наврӯзи аз ҳисоби саховатмандон ва соҳибкорон ба Хонаинтернати ноҳия ва қисмҳои низомӣ дастархони идона густурда, ба маъюбону ятимон ва иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои пулӣ расонида шуд.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон тантанаҳои наврӯзӣ то рӯзи 24-уми март идома меёбанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво