26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Амалӣ шудани 352 лоиҳа ба маблағи 28,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон

1217
Имрӯз дар сафорати Ҷопон созишномаи 6 лоиҳаи нав аз ҷониби сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада бо раиси ноҳияи Вахш Шарбатуллои Азизулло «Лоиҳаи барқароркунии бинои мактаб- интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Вахш» ба маблағи 83,812 доллари ИМА, раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷураев «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №15 дар деҳаи «Угук»-и ҷамоати ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич» ба маблағи 103,199 доллари ИМА, директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил Зафар Шарипов «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои шуъбаи педиатрии Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо дар Тоҷикистон» ба маблағи 87,454 доллари ИМА ва бо директори филиали корхонаи давлатии протезӣ- ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд Ҳошим Қосимов «Лоиҳаи таъмири бинои шуъбаи корхонаи давлатии протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд» ба маблағи 83,975 доллари ИМА ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи Ҳукумати Ҷопон таҳия шуда, он бо мақсади расонидани кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши зиёди аҳолии Тоҷикистон равона шудаанд.
Ба иттилои сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада аз соли 1996 то инҷониб дар Тоҷикистон кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши зиёди аҳолӣ 352 лоиҳа ба маблағи умумии 28,5 миллион доллари ИМА ба имзо расида, амалӣ шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво