20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ

1027
Ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи аввали моҳи сенябр дар шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «25 соли истиқлолият: таҷаллии тафаккури нав дар фарҳанг ва ҳунари миллӣ» баргузор мегардад.
Конфронси мазкур бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои кишвар гузаронида шуда, дар он иштироки доираи васеи олимони варзида ва коршиносон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар конфронс масъалаҳои таҳлили фалсафию илмии ташаккул, хусусият ва моҳияти тафаккури нав дар фарҳанги миллӣ, санъати меъморӣ ва фарҳангии шаҳр, мушкилиҳои пиёдашавии тафаккури нав дар ҷомеа ва дигар мавзӯъҳои марбут ба фарҳангу ҳунар мавриди баҳсу баррасии иштирокдорони конфронс қарор гиранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво