19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шумораи 7-и маҷаллаи илмӣ- оммавӣ ва фарҳангии «Меъморӣ» -ро хонед!

1496
Шумораи рақами 7-и маҷаллаи илмӣ- оммавӣ ва фарҳангии «Меъморӣ» аз чоп баромад. Ин шумораи маҷалла ҳам мусаввар чоп шуда бо расми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шеъри Муҳаммад Ғоиб бо номи «Пешво» ибтидо ёфта, дар он Сатрҳои тақдирсоз аз Паёми расми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Сифат ва самарнокӣ- меъёри асосӣ- бо чунин ном гузориш аз баромади Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷаласаи навбатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон нашр гардидааст, ки хонандагонро бо дастовардҳои Кумита дар соли 2015 шинос мекунад.
Дар маҷалла маводҳо аз нишасти матбуотӣ, семинар-машварат доир ба масъалаи «Дар бораи оқибатҳои заминҷумбиҳои тирамоҳи соли 2015, ки дар ҶумҳурииТоҷикистон рухдоданд ва чорабиниҳо ба мақсади баланд бардоштани сатҳи лоиҳасозӣ ва сохтмони зилзилатобовар », мавод аз фаъолияти ҶСК «Саноатсоз дар соли 2015» ба табърасидаанд.
Ҳамчунин суҳбат бо мудири шуъбуи шаҳрсозии Кумита, бо сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ Файзуллозода Нусратулло Қудратулло, бо раиси Шурои директорони «ХуаксинҒаюр - семент» Акмал Ғуломов ва сардори сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа (қисмати Ваҳдат- Ёвон) нашр шудааст. Сифати хишти кӣ беҳтар?- дар ин мавод шарҳи сардори раёсати саноат ва барномаҳои энергетики Кумита Абдураҳим Назаров дар бораи хишти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда сухан меравад.
Аз саҳифаҳои маҷалла инчунин бо фармоишҳои раиси ноҳия ва дигар маводҳо шинос шудан мумкин аст.
Марҳамат, ба маҷалла обунашавед ё маҷалларо аз идораи маҷалла ,ки дар бинои Кумита ҷойгир аст, дастрас карда бо маводҳояш шинос шавед. рақами тел: 917-63-43-45.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво