25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди гурӯҳи кории Ҳукумати ҶТ аз корҳои рахнакунии кӯли Барсем ва мактаби шаҳраки Раҳмонобод

1060
Боздиди гурӯҳи кории Ҳукумати ҶТ аз корҳои рахнакунии кӯли Барсем ва мактаби шаҳраки Раҳмонобод
Чанде қабл гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои рахна намудани оби кӯли сунъии деҳаи Барсем, ки дар натиҷаи офати табиии моҳи июли соли гузашта рухдода ба вуҷуд омад, шинос шуд.
Кофтани хандақ барои рахна намудани оби ин кӯл аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Панҷ» амалӣ гардида, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Азим Иброҳим, муовини сарвазири мамлакат ба масъулини корҳои сохтмонӣ дастур дод, ки охирин корҳоро то охири моҳи март ба анҷом расонанд ва маҷрои пешинаи об то давраи баланд шудани сатҳи рӯдхонаи Ғунд барқарор шавад.
Дар шаҳраки навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон, ки дар заминаи бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем бунёд гардид, бинои дуошёнаи мактаби замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни боздид аз мактаб муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити илмомӯзии хонандагон ва фаъолияти омӯзгорон шинос шуда, таъкид карданд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин бунёд ёфтани бинои мактаб боз як ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони ин деҳаи навбунёд ба ҳисоб рафта, омӯзгоронро масъул месозад, то дар тарбияи насли ояндасоз саҳмгузор бошанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ояндаи наздик сохтмони толорҳои маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасони ин мактаб дар назар аст.
Сокинони деҳаи Раҳмонобод мавриди истифода қарор гирифтани бинои мактабро дар ин деҳаи навбунёд чун як туҳфаи арзишманд, ки барои ба камол расидани насли созандаву ватандӯст заминаи боэътимод мегузорад, қабул намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво