23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Паёми Пешвои миллат — ҳидояти нек ба мардуми тоҷик

1297
— Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи амнияти давлатии миллии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Паём ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ба халқи тоҷик вобаста ба хатарҳои ҷаҳонии терроризм ва экстремизм» дар толори қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 500 нафар чорабинӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло зикр кард, ки яке аз мушкилоте, ки имрӯз мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ин пайдо шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо мебошад. Терроризм ва экстремизм дар Паёми Пешвои миллат хамчун вабои асри нав ва мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ баён гардид. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳар яки мо бояд бар зидди ин хатари ҷаҳонӣ мубориза бурда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоем.
Дар чорабинӣ ховаршинос Зафари Мирзоён изҳор кард, ки маҳз бо азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан нисбат ба ояндаи халқу миллат ғамхориҳо сурат гирифта истодааст, чунки ҷанги хонумонсӯзе, ки дар мамлакати мо сар зад, дар он садҳо ҷавонон ҷони худро аз даст доданд. Хушбахтона, дар мудати кӯтоҳ Пешвои миллат тавонист, ки сулҳу ваҳдатро пойдор ва мардуми парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ намояд.
Ҳамзамон рӯҳонӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ва раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло махсус таъкид сохтанд, ки омӯзиши Паёми Пешвои миллат моро ба роҳи созандагиву ободонӣ ва саодатмандиву хушбахтӣ ҳидоят месозад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво