19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Паём –раҳнамои мо

1049
Паём –раҳнамои моМутобиқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми феврал дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ҷаласа доир гардид. Сангов Раҷабалӣ Саломович - мухбири махсуси «Рӯзномаи бинокорон», унвонҷӯи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтавои Паёми имсолаи Роҳбари давлатро ба кормандони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ баррасӣ намуд. Ў ба як қатор масъалаҳои асосӣ ва рӯйдодҳои муҳими сол, аз ҷумла, баргузории Конфронси байналмилалӣ доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар СММ - Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори бостонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таъмини рушди устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, ноил шудан ба на камтар аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот, ба роҳ мондани молу маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ, таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ, дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонон инчунин поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ равшанӣ андохт.
Сипас, Сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Таваров Р.Ҳ. бандҳои алоҳидаи Паём, аз ҷумла, бо ҷои корӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор, дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёд намудани минтақаҳои саноатӣ:
- корхонаи коркарди нафт, сементбарорӣ, корхонаҳои бофандагию саноати кимиё, истеҳсоли нерӯи барқ ва истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000, азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода ва Исфара - Хуҷанд, ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма, ки назорати доимии онҳоро Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ бар ӯҳда дорад, шарҳ дод. Сипас, кормандонро вазифадор намуд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро дар нақшаи корӣ ҷорӣ намуда, фаъолияти сохтмонҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво