24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар пойтахт варзишгоҳи муосири футболбозӣ барои 25 000 ҷои нишаст бунёд менамоянд

951
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар заминаи қитъаи замини собиқ мошинбозор варзишгоҳи муосир барои бозии футбол бо 25 ҳазор ҷойи нишаст бунёд намояд. Интизор меравад, ки тадбир дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳр амалӣ гардонида шавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев доир гардид, матраҳ шуд. Инчунин дар чаҳорчӯбаи татбиқи нақшаи генералии пойтахт таҷдиди «Боғи Дӯстии халқҳо» бо бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият», ки ҳудуди феълии марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-ро фаро хоҳад гирифт, дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр «Боғи ҳайвонот» ба қисмати шарқии пойтахт кӯчонида шуда, дар он ҷо «Боғи ҳайвонот» аз рӯи усули «Сафари» бунёд мешавад.
Инчунин сохтмони Маҷмааи «Меҳри модар» бо муассисаи муосири томактабӣ дар масоҳати 2,5 га дар маҳаллаи Зарафшон, мактаби зеҳнӣ дар шаҳраки академикҳо ва бунёди боғҳои нави замонавӣ дар назар аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво