19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тўҳфа ба баталйони сулҳҷӯёна

946
Маросими тақдими бинои навбунёди беҳдоштию санитарӣ аз ҷониби Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба баталйони сулҳҷӯёнаи қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иншооти мазкур бо мақсади тамрин ва омодагии аскарони баталйон барои хизмати минбаъдаашон дар вазифаи дастгирии амалиёти сулҳовари Созмони Миллали Муттаҳид сохта шудааст. Лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 250 ҳазор доллари ИМА аз кумаки бебозгашт барои мусоидат дар таъмини амният дар доираи Ташаббуси умумиҷаҳонии амалиёти сулҳҷӯёнаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида (GPOI) маблағгузорӣ шудааст.
Аз соли молиявии 2009 дар доираи GPOI ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба ҳаҷми 6,6 миллион доллари ИМА кумак расонида шуд ва маблағгузории миёнаи солона тақрибан ба 825 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Дар доираи ин кумак давраҳои омӯзишӣ ва машқҳои мухталиф гузаронида шуда, таҷҳизот ва кумак барои рушди инфрасохтор, кумак барои таъсиси синфи омӯхтани забони англисӣ дар баталйони сулҳҷӯёна дастрас шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво