24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи шаҳраки нави замонавии "Асри XXI" таҳия мегардад

1373
Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуралӣ Ғиёс дар бораи натиҷаи фаъолияти Кумита дар соли 2015 рӯзноманигоронро ошно намуд. Ба иттилои Саидзода Н.Ғ. моҳҳои январ-декабри соли 2015 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 9 миллиарду 77 миллиону 395 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки ин нисбат ба соли 2014 121,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 1 миллиону 202 ҳазору 862 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли 2014 108,2 фоизро ташкил медиҳад. Моҳҳои январ-декабри соли 2015 фондҳои асосӣ ба маблағи 3 миллиарду 795 миллиону 69 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиарду 935 миллиону 156 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 10 ҳазору 941 ҷойи талаба, муассисаҳои томактабӣ барои 385 ҷой, беморхона барои 115 кат ва дармонгоҳ барои 661 қабул дар як баст ба истифода дода шуданд.

Лоиҳаи шаҳраки нави замонавии "Асри XXI" таҳия мегардад Лоиҳаи шаҳраки нави замонавии "Асри XXI" таҳия мегардад

Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Нақшаҳои генералии 32 шаҳру ноҳияҳо пурра таҳия гардида, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд, ки ҳоло мавриди амал қарор доранд.
Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ҷ.Румӣ, А.Ҷомӣ, Спитамен ва шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов бо ҳамаи вазорату идораҳо мувофиқа гардида, барои тасдиқ намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва 8 шаҳру ноҳияҳои дигар Ҷиликул, Дарвоз, Бохтар, Варзоб, Сарбанд, Қайроққум Ғончӣ ва Ашт барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Таҳияи Нақшаи генералии 8 шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла, шаҳрҳои Панҷакент, Турсунзода, ноҳияҳои Мурғоб, Қумсангир, Хуросон, Панҷ, Зафаробод, Шаҳристон пурра ба анҷом расидааст. Таҳияи Нақшаҳои генералии 5 ноҳияи дигар, аз ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ 95%, Б.Ғафуров 75%, Мастчоҳ “Бустон” 40%, Ховалинг ва Фархор мавриди тасҳеҳ қарор дошта, корҳо идома доранд. Боқимонда 7 шаҳру ноҳияҳои дигар бошанд, барои таҳияи Нақшаҳои генералӣ то ҳоло шурӯъ накардаанд.

Тибқи нақша-чорабинии Кумита тасҳеҳи нақшаҳои генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то охири соли 2016 анҷом ёбад.

Саидзода Н.Ғ. ҳамчунин иброз намуд, ки ҳаҷми корҳои иҷрошудаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотӣ дар ташкилотҳои системаи Кумита дар соли 2015 беш аз 28 миллион сомониро ташкил дод.

Тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбати сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ санҷишҳо гузаронида шуда, 3552 камбудӣ ошкор гардида, ба маблағи 613240 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Аз ҷониби 264 шахсони воқеию ҳуқуқие, ки мӯҳлати амали иҷозатномаашон ба охир расидааст, ба Хадамот умуман ҳуҷҷат пешниҳод нагардида, мӯҳлати амали иҷозатномаи худро дароз накардаанд.

Бо мақсади ба танзим даровардани иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ, муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ вобаста ба имкониятҳои дошта комиссияи салоҳиятноки Кумита ташкил карда шуда, дар ташкилотҳои лоиҳакашӣ санҷиш ба итмом расонида шуд.

Аз 604 адад лоиҳаҳои сохтмоние, ки дар соли 2015 барои гузаронидани ташхиси давлатӣ ба Раёсати экспертиза пешниҳод шудаанд, 577 -тои он хулосаи ташхисӣ гирифтаанд.

Аз тарафи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон ҳангоми аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо масъалаҳои истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ бо технологияҳои сарфакунандаи захираҳо ва энергия дар асоси маводҳои баландсифат, ҳифзи гармӣ, қонеъ
гардонидани талаботи аҳолӣ бо манзили истиқоматии дастрас ва гуногундараҷа бо ҳузуру ҳаловати мухталиф, ҳуҷраю ошхонаҳои масоҳаташ калон ва утоқҳои гигиении васеъ ва энергиясамаранокӣ ба назар гирифта шуда, мавриди амал қарор дорад.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани ҳолати шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ва бо энергияи гармӣ таъмин намудани аҳолии пойтахт гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ ҳолати воқеъии системаи гармитаъминкунӣ ва андешидани тадбиру тавсияҳои зарурӣ, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо энергияи гармӣ ҷиҳати пайваст кардани тамоми биноҳои истиқоматии баландошёна, маишию иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи гармидиҳӣ ва минбаъд ба нақша гирифтани пайвастшавии иншоотҳои навбунёдшаванда бо шабакаҳои гармидиҳиро дар шаҳри Душанбе дақиқ омӯхта, таклифу пешниҳоди худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Гурӯҳи кории мазкур айни замон омӯзиши ҳолати воқеии шабакаҳои обу корези шаҳри Душанберо ба анҷом расонид. Аз натиҷаи омӯзиш гузориши муфассал бо пешниҳодҳои дақиқ ба унвони Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардид.

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва пешниҳоди масъулини Кумита дар ду мавзеъи пойтахт таҳия намудани лоиҳаҳои шаҳраки нави замонавии "Асри XXI" дар назар дошта шудааст. Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ дар асоси супориши меъмориву банақшагирӣ барои таҳияи лоиҳаи ангоравии банақшагирии шаҳракҳои навбунёд, лоиҳаи ангоравии 2 микрорайонро (аз 4 то 9 ошёна ва баландошёна) дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба нақшаи генералӣ омода карда истодаанд.

Вобаста ба масъалаи такмил додани меъёрҳои шаҳрсозӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, бинобар сабаби тағйир ёфтани талаботҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ инчунин тағйир ёфтани технологияи истеҳсоли сохтмон ва бо назардошти пешрафти илму техника ба як қатор санадҳои меъёрӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла:
-МҚШ ҶТ 31-01-2005 «Биноҳои истиқоматии бисёрманзила»;
-МҚШ ҶТ 30-01-2007* «Шаҳрсозӣ. Банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишин»;
- МҚШ ҶТ 31-03-2007 «Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ»;
- МҚШ ҶТ 21-01-2007 “Бехатарӣ аз сӯхтор”;
- МҚШ ҶТ 51-01-2008 «Конструксияҳои санги ва армосангӣ»;
- МҚШ ҶТ 22-07-2007 «Сохтмони зилзилатобовар;.
- МҚШ ҶТ “Назорати техникӣ”

Меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозии дар боло номбаршуда пас аз бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлия мавриди амал қарор дода мешаванд.

СаидзодаН.Ғ. қайд намуд, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади санҷиши истифодаи масолеҳи пенополистиролӣ дар рӯйпӯши бино ва иншооти сохташаванда дар қаламрави ҷумҳурӣ комиссияи байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита таъсис дод. Мақсади санҷиш масъалаҳои оташнишонӣ, таъсири пенополистирол ва маҳсулот аз он ба муҳити зист дар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар баъзе кишварҳо дар вақтҳои охир ба вуқӯъ омаданд ва сабаби фавтидани одамон шуданд, дар бар гирифтанд. Комиссияи байниидоравӣ маълумотҳо, натиҷаҳои озмоишҳо ва хулосаҳои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Институти химияи Академияи илмҳоро ба инобат гирифта, бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар биною иншооти истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ, ки ба бехатарии ҳаёти одамон ва молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд таҳдид намоянд, пешниҳод намуд, ки истифодаи пенополистирол ва маҳсулот аз он барои рӯйпӯши биною иншоот дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шавад. Бо фармоиши Раиси Кумита аз 10 ноябри соли 2015, №108 истифодаи пенополистирол ва маҳсулот аз он барои рӯйпӯши биною иншоот дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шуд.

Ҳамзамон дар асоси фармоиши Раиси Кумита аз 20 августи соли 2015 гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба санҷиши сифати хишт, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешаванд, таъсис дода шуд. Дар ҷараёни санҷиш маълум гардид, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 124 корхонаи истеҳсолкунандаи хишт мавҷуд буда, аз он 94 ададаш фаъолият доранд. Санҷиши гузаронидашуда ва хулосаи озмоишӣ нишон дод, ки 8 корхона бе сертификати мутобиқат ва ташхиси озмоишгоҳ фаъолият дорад, сифати хишти истеҳсолшудаи 21 корхона ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, аз тамғаи 75 паст мебошад, андоза ва намуди зоҳирии хишти 42 корхона ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нест.

Аз натиҷаи санҷиши сифати хишти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ гузориши гурӯҳи корӣ бо пешниҳодҳои мушаххас барои бо сифати баланд ба роҳ мондани истеҳсоли хишт дар миқёси ҷумҳурӣ ва хулосаҳои озмоишгоҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои лоиҳакашии Кумита лоиҳаи ангоравӣ ва харҷномаи пешакии “Қасри универсалӣ дар шаҳри Душанбе” барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳия шуда истодаанд. Пас аз пурра омода шудани якчанд варианти лоиҳаҳо, онҳо барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ лоиҳаи боғчаи кӯдакон барои 1000 нафар ҷойи нишаст бо номи «Меҳри модар» омода намуда истодаанд, ки дар ҳолати ба анҷом расонидан лоиҳаҳои мазкур барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Инчунин дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳияи лоиҳаи мактаби зеҳнии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Кумита супориши лоиҳакаширо омода намуда, барои таҳияи лоиҳаи ангоравии мактаби мазкур ба пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Баъд аз муайян намудани қитъаи замин, лоиҳаи мазкур барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон чунин супориш низ оиди таҳияи лоиҳаи ангоравии мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 320 ва 640 нафар хонанда дар асоси меъёрҳои нав дода шудааст. Пас аз омода гардидани лоиҳаи иншоотҳои мазкур, онҳо низ барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Рӯзноманигорон пас аз шунидани маърӯзаи Саидзода Н.Ғ. ба саволҳои сершумори худ, аз қабили нарху навои манзили истиқоматӣ, рушди сохтмон дар вилояти Хатлон, таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба сохтмон, шаклу намуди зоҳирии биноҳои сохташаванда, оид ба биноҳои худсарона сохташаванда, дар бораи вазъи биноҳои баландошёна баъд аз заминларзаи шадид, дар бораи вазъи биноҳои ҷашнии шаҳраки Ҳисор, масолеҳи бинокорӣ, то ҳол мавҷуд будани хонаҳои фарсуда дар маркази шаҳр, дар бораи сифатиманзилҳои сохташавандаи баландошёна ва ғайра посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю., Окимбекова З.Ф., Сармеъмори шаҳри Душанбе Файзуллозода Қ. ва Роҳбарони зерсохторҳои Кумита низ ҳузур доштанд ва ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои муфассал доданд.
мухбири “РБ”

Лоиҳаи шаҳраки нави замонавии "Асри XXI" таҳия мегардад




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво