19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкати ҷавонони Кумита дар марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ

566
Ширкати ҷавонони Кумита дар  марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2019, №25778 (26.7) ва аз 13 майи соли 2019, №26/10-22 вобаста ба иштироки кормандон дар чорабиниҳои марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ, ки бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» санаи 19 майи соли 2019 баргузор гардид, фаъолона ширкат намуданд.
Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.
Ширкати ҷавонони Кумита дар  марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ баргузор мегардад.
Ҳамасола роҳандозӣ шудани ин чорабинии оммавӣ-варзишӣ имкон медиҳад, ки аҳолии мамлакат ба таври дастаҷаъмона дар он иштирок намуда, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар мамлакат саҳмгузор бошанд.
Ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор мегардад.

Мухбири
«Рӯзномаи бинокорон»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво