29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

18 МАЙ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО

735
Шурӯъ аз соли 1977 ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 1978 инҷониб ин ҷашн дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, ташкили тамошои ройгони осорхонаҳо дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат осорхонаҳои зиёде бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2006 таъкид намуда буданд: «Имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст».
Ҳарчанд раванди таъсиси нахустин осорхонаҳои кишваршиносиву таърихӣ дар ҷумҳурии мо миёнаи солҳои 30 – юми асри XX, яъне дар замони истиқрори Ҳукумати Шӯравӣ шурӯъ шуда бошад ҳам, дар замони Истиқлолият ин ҷараён равнақи бештар гирифт. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат осорхонаҳои зиёде бунёд шуда, ба фаъолият шурӯъ карданд. Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Файзобод, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Ҳисор, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Турсунзода, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Гулистон, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи таърихии вилояти Хатлон, Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғаффуров, Осорхона–мамнӯъгоҳи бостоншиносии Панҷакент, Осорхона–мамнӯъгоҳи таърихию кишваршиносии “Ҳулбук”, Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои таърихию кишваршиносии шаҳри Кӯлоб ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
18 МАЙ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО

Ба гуфтаи сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода, имрӯз осорхонаҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаҳои маърифативу равшангароӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои мадании халқи тоҷик саҳми босазо мегузоранд. “Ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ, шаҳрвандони худогоҳи ҷумҳурӣ аз осорхонаҳо боздид ба амал оварда, аз таърихи дирӯзу имрӯзи ин марзу бум бохабар мегарданд.
Аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли равон 7654 нафар тамошобинон ба Осорхонаҳои Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» дидан карданд, ки аз ин шумора 43 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 1253 нафар тамошобинони синни томактабӣ буданд. Ҳамзамон дар фонди осорхонаҳои шомили Муҷтамаъ 11 ҳазору 1 адад экспонат маҳфуз мебошанд. Дар ин муддат ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ 8 адад экспонатҳои нав харидорӣ шуда, 28 адад ба тариқи ройгон ба муассиса ворид гардид”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои Қурбон Ғуломзода, ташрифи меҳмонони хориҷӣ ба осорхонаҳои ҷумҳурӣ сол то сол афзуда истодааст, ки ин раванд гувоҳ аз диққатҷалбкунанда будани таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст, ки хориҷиён нисбат ба он бетараф нестанд. Барои мисол, Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”–и шаҳри Панҷакент дар ин муддат 45 нафар меҳмонони хориҷӣ аз мамлакатҳои Япония, Германия, Корея, Эрон, Англия ва ғайра дидан намуда, пас аз боздид ҷиҳати сатҳи касбии экспозитсионӣ ва ороишӣ, дизайни толорҳо ва хизматрасонии кормандон дар китоби қайди таассуроту хотирот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар миқёси ҷумҳурӣ 98 осорхона амал мекунанд, ки аз ин шумора 1 адад Осорхонаи миллӣ, 3 адад Осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, 30 адад осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 20 адад дар вилояти Суғд, 21 адад дар вилояти Хатлон, 10 адад дар ВМКБ, 13 адад дар НТҶ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва умумӣ) мебошад. Фонди умумии осорхонаҳо 337436 нусха мебошад.
18 МАЙ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО

Бояд гуфт, ки ҳамасола 18 май дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон Рӯзи ҷумҳуриявии тамошои осорхонаҳо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ки баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон мисоли рӯшани гуфтаҳои болост. Ҳамасола Осорхонаи миллӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ба нақша гирифтааст, ки барои тамошобини тоҷик мояи хушнудист.

Баргузор намудани иқдоми «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Германия оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Франсия, Англия ва Россия баргузор гардид. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2013 тибқи анъанаи касбӣ баргузор мегардад.
18 МАЙ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО

Тавре ба мухбири АМИТ “Ховар” аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба вуҷуд омадани шароиту имконият Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 то инҷониб бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, икдомоти байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро 18 май баргузор менамояд. “Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18 майи соли равон барномаи анъанавии «Шабе дар Осорхона»-ро таҳти унвони «Осорхонаҳо ҳамчун марказҳои фарҳангӣ: ояндаи анъанаҳо» баргузор менамояд. Мақсад аз ташкили чунин иқдомот, ин пеш аз ҳама, пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ — маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ — маърифатии муосир ба шумор меравад. Чорабинии мазкур имкон фароҳам меорад, ки осорхона барои қишрҳои гуногуни ҷомеа дастрас ва ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ муаррифӣ шавад”,-иттилоъ дод манбаъ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво