17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндаи ВКХ Қазоқистон: «Бо терроризм муборизаи дастаҷамъона ва самарабахш бояд бурд»

471
«Тоҷикистон ба ҷаҳониён дар мавриди баргардонидани кӯдакони ашхоси гумроҳшуда, ки ба сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» пайваста, дар Сурия ва Ироқ ҷангида буданд, намунаи барҷастаи ибрат гардид»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Станислав Василенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланди марбут ба «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» дар Душанбе қарор дорад.

Мавсуф афзуд, ки танҳо соли 2019 Қазоқистон 278 шаҳрвандашро аз минтақаҳои даргири ҷаҳон, аз ҷумла Сурия ба ватан баргардонид. Зикр кард, ки тадбирҳои баргардонидани шаҳрвандони Қазоқистон, ки гумроҳ шудаанд, аз Сурия идома хоҳанд ёфт.

Бо дахли аҳамияти баргузории ҳамоиши баланд дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», мавсуф афзуд, ки ҳамоиши мазкур дар шароити шиддат ёфтани таҳдидҳои замони муосир — терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки манбаи асосии маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон мебошанд ва ба амният, субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо хатар эчод мекунанд, хеле муҳим ва саривақтист.

Аз ин рӯ, бо мақсади муборизаи самаранок бар зидди терроризми байналмилалӣ, муносибати дарозмуддат ва ҳамаҷониба талаб карда мешавад, ки он иштироки фаъоли ҳамаи кишварҳои узви СММ-ро дар ин раванд мувофиқи Оинномаи СММ ва қонуни байналмилалӣ тақозо менамояд.



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво