29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳ ва Боғи Парчами давлатӣ бунёд мегардад

603
Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд сохтмони як зумра иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, симои ноҳия низ дигаргун хоҳад шуд. Варзишгоҳи марказии ноҳия ва Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин иншоотест, ки имрӯзҳо сохтмонашон бо маром идома дорад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ бо 6000 ҷойи нишаст бунёд гардида, то имрӯз бист дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асоси вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону васлкуниро бунёдкорони «ПМК-278» ба иҷро мерасонанд.

Боғи Парчами давлатӣ дар шафати варзишгоҳ сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷараёни корҳои сохтмони бинои нави мактаби деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар низ бо маром ҷараён дорад. Бинои нави таълимӣ барои таҳсили 620 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз се ошёнаву таҳхона ва 24 синфхона иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, сохтмончиёни «Тоҷикэлитсохтмон» то имрӯз сӣ дарсади корҳоро ба анҷом расонидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 15 май дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагии ноҳия шинос гардида, бо роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия мулоқот кард. Дар мулоқот инчунин амалисозии лоиҳаи маҷмааи меҳмонхонаҳо, ки бунёди он бо саҳми корхонаҳои ноҳия дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҷмааи меҳмонхонаҳо дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди гардишгарӣ қомат хоҳад афрохт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво