26 май 2019, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро иҷро намоем!

30
Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро иҷро намоем!
Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2019, №13/11-21 бо мақсади омӯзиши матни суханронӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, бо иштироки кормандони масъули Кумита ва зерсохторҳои он ҷаласа баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол иброз намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карданд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки мақсади мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.
Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. дар баромади худ ҳозиринро бо нуқтаҳои асосии суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос намуда, қайд намуд, ки ҷавҳари асосии вохӯрии мазкур аз он иборат буд, ки Президенти кишвар ба масъалаи мавқеи ҳар як шахси алоҳида, корманди масъул, роҳбари ин ё он зинаи мақомоти давлатӣ, ки барои иҷрои ин ё он вазифа бо боварӣ гузошта шудаанд, ибрози ақида намуда, такрор ба такрор иштирокчиёни вохурӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро ба хизмати содиқона ва дасту дили пок ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар ибтидо махсус таъкид намуданд, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо ва ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур мебошад.
Ба андешаи Раиси Кумита аҳли кормандони Кумита ва зерсохторҳои он дар ин раванди қайднамудаи Президенти кишвар саҳм гузошта метавонанд, зеро соҳаи меъморӣ ва сохтмон, ҳамчун ҷузъи асосии иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушду тараққиёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ мебозад.
Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро иҷро намоем!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар партави иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳкими сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва тақвияти соддаю шаффофгардонии низоми бақайдгирию хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ ва дар ин замина мукаммал намудани муносибатҳои байниидоравию минтақавӣ ва асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳои муайянеро роҳандозӣ намуда истодааст, - афзуд Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
-Аз ҷумла, дар самти беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ Кумита дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” зерлоиҳаи “Идораи институтсионалӣ оид ба дастгирии “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон” фаъолияти худро ба роҳ монда, бо ин васила баҳри беҳтар намудани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва умуман, беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳогузори агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ кушиш намуда истодааст.
-Ҳамчунин, дар баромади Президенти кишвар қайд гардид, ки вобаста ба роҳҳои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои дар барномаву нақшаҳои давлатӣ пешбинишуда дар паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ ва дар маҷлисҳои Ҳукумат масъулин пайваста барои ислоҳи камбудиву мушкилоти мавҷуда вазифадор карда мешаванд.
-Кумита фаъолияти пайвастаро дар самти иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, ба роҳ мондааст. Дар ин самт Кумита ба ташкилу рушд ёфтани истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, ки дар Паёми мазкур таъкид шудааст, таваҷҷӯҳ намуда, баҳри баланд бардоштани сифати онҳо ва дар ин замина афзалият пайдо намудани он барои истифода дар корҳои сохтмонӣ, иқдомҳои мушаххас ва манфиатоварро роҳандозӣ менамояд.
-Кумита дар самти ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноативу содиротӣ ва дар ин замина амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
-Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин масъалаҳои амалигардонии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020, қабули буҷети давлатӣ аз рӯи барномаҳои соҳавӣ, низоми иттилоотии идораи молияи давлатӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ, масъалаҳои идоракунӣ ва фаъолияти молиявии корхонаҳои давлатӣ ва дигар масъалаҳое матраҳ гардиданд, ки аз ҳар ҷиҳат ба фаъолияти ҳар яки мову шумо дахл доранд.
Президенти кишвар аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир карда шудааст, ки аз нисф зиёди онҳо бо сӯистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора вобастагӣ доранд. Қисми бештари камбудиҳои ошкоршуда кам ҳисоб кардани маблағ ва рӯйпӯш намудани андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.
Президенти кишвар аз раванди сохтмони бинои Беморхонаи “Истиқлол” ва истифодаи маҳсулоти бесифати сохтмонӣ ва рӯйпӯш намудани камбудиҳои ҷойдошта ва амалӣ намудани дигар кирдорҳои коррупсионӣ ёдовар шуданд, ки мутаассифона дар ин марҳила ҷой доштанд.
Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро иҷро намоем!
Бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, ки дар вохӯрии мазкур баён доштанд, ҳар яки моро зарур аст, ки дар доираи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»ва Барномаю Нақшаҳои Кумита вобаста ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия фаъолият намуда, дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Аҳмадзода диққати ҳозиринро ба суханронии Президенти кишвар инчунин ба масъалаи раванди татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дарҷ гардида,ҷалб намуда, гуфт, ки бо вуҷуди қонеъкунанда будани азхудкунии маблағҳо, сатҳу сифати иншооти таҷдиду бунёдшаванда, техникаву таҷҳизот ва хизматрасониҳое, ки бо ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Аз ин лиҳоз мову шумо, он нафаронеро, ки фаъолияташон ба ин самт дахл дорад, зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти ба талаботи стандартҳои пешбинишуда ҷавобгӯ будани иншооти таҷдиду бунёдшаванда, воридоти техника ва таҷҳизоти зарурӣ, инчунин, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ҷалбшаванда пурзӯр намоем.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ба боз як масъалаи дар суханронии Президенти кишвар қайдгардида, истода гузашт, ки ин ҳам бошад нақшаи тадбирҳои амалисозии 300 рӯзи ислоҳоти дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад, ки Кумита дар ин самт низ фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ҷалб намуд.
Ў қайд намуд, ки вобаста ба ин масъала қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, Кумита ҷиҳати иҷрои бандҳои алоҳидаи он вазифадор карда шудааст.
Аз ҷумла, тибқи банди 2.2 Нақшаи чорабиниҳои мазкур баҳри шаффоф, дастрас ва камхарҷ намудани ҷараёни гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон ташкил намудани низоми «Равзанаи ягона» дар шаҳри Душанбе муқаррар гардида, натиҷаи он таъсис додани утоқи «Равзанаи ягона» ва дар як макон ҷойгир кардани мақомоти иҷозатдиҳандаи соҳаи сохтмон ва тартиб додани ҳуҷҷати ягонаи иҷозатдиҳӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ин самт, Кумита ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани принсипи равзанаи ягона ва ташкили “Маркази амалигардонии равзанаи ягона дар шаҳри Душанбе” консепсияи “Тартиби фаъолият ва таркиби сохтории “Маркази амалигардонии равзанаи ягона дар шаҳри Душанбе”-ро якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия намуда, айни замон корҳои ташкилӣ оид ба оғоз намудани фаъолияти Маркази мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро иҷро намоем!
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, Раиси Кумита таваҷҷӯҳи роҳбарон ва кормандони Кумитаро ба иҷрои вазифаҳои зерин ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи сохтмон ва меъморӣ ҷалб намуд:
- ҷиҳати таъмини иҷроиши Амр ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фармоишҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 зикр гардидаанд, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- муроҷиатҳои шаҳрвандон (аризаҳо, дархостҳо, таклифҳо ва шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), ки барои баррасӣ ворид гардидаанд, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ ва аз натиҷааш маълумот пешниҳод карда шавад;
- ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва қатъиян пешгирӣ намудани хароҷотҳои дуюмдараҷа чораҷӯӣ карда шавад;
- сари вақт пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет таъмин карда шавад;
- ҷиҳати беҳтар намудани интизоми ҳисоботдиҳии молиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоти системаи Кумита чораҷӯӣ карда шавад;
- барои дар корхонаҳо ва ташкилотҳо пурра ҷорӣ намудани усули коргузории муҳосибӣ бо барномаи “1С: Бухгалтерия” то охири сол чораҷӯӣ карда шавад;
- иҷроиши нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии Кумита, ки бо маблағгузории буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад, тибқи уҳдадориҳои шартномавӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда шавад ва мисли соли гузашта дар ин самт ба кашолкорӣ роҳ дода нашавад (Мирзозода Н.Ю., Ниёззода А., Умаров У.Х., Каримзода А.А., Ишанов Б.М., Сафарзода А.А.);
- Муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), директори Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона” (Сафарзода А.А.) ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2018 баён доштанд, инчунин дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноку оқилонаи замин, такмили фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ, баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, омӯзиш ва арзёбии вазъи соҳа, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо баргузории семинар-машваратҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сармеъморон дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- Муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) ҷиҳати назорати риоя ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони бино ва иншоотҳои ҷумҳурӣ зери назорати доимӣ қарор дода, оиди қатъиян манъ кардани сохтмони иншоотҳое, ки бе хулосаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, аз рӯи варақа ё лоиҳаҳои нопурра сохта мешаванд, чораҳои таъхирнопазир андешад. Хадамотро зарур аст, ки вобаста ба назорати сохтмони бино ва иншоотҳои сохташаванда, сатҳу сифати масолеҳи сохтмонӣ ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро пурзӯр намояд. Бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо дар сохтмон ва баланд бардоштани андозаи ҷаримаҳо Кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”-ро омода намуд, ки айни замон дар мувофиқаи мақомотҳои дахлдор қарор дорад.
- бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №1170 “Дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021” Хадамоти назорат ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои созандагиву ободонӣ дар деҳот чораҳои зарурӣ андешида шавад;
- Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) ҷиҳати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, таҳлили дақиқи фаъолияти ташкилотҳо ва пайдо намудани маълумот нисбати фаъолият доштан ё надоштани онҳо, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани соҳибкорон барои беҳбудӣ бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ, инчунин ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ, бахусус дар самти иҷозатномадиҳӣ чораҳои зарурӣ андешад.

- Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Саъдуллозода С.Ф.) ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Нурзода Р.Н.) барои тақвияти фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва ташхиси лоиҳаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳангоми баррасии лоиҳа ба кашолкорӣ роҳ дода нашавад;
- директори Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” (Сафарзода А.А.) оиди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо ин мақсад ҷиҳати кушодани утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо то охири моҳи июни соли 2019 чораҷӯӣ намояд;
- ба роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х., Умаров У.Х., Шарифзода Д.Ш.) бори дигар супориш дода мешавад, ки барои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам, технологияҳои инноватсионӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, ҷиҳати беҳбудии фаъолият, ба кор ҷалб намудани мутахассисони болаёқат, зиёд намудани ҳаҷми кор, ҳосилнокии меҳнат, маоши миёнаи коргарон, фоидаи корхона ва бартараф намудани қарзи андозу музди меҳнат чораҷӯӣ намоянд;
- ба ҶСК “Шаҳрофар” бори дигар супориш дода мешавад, ки ҷиҳати пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандон ва бартараф намудани қарздорӣ то охири моҳи май чораҷӯӣ намояд;
- барои ба ҷойивазкунӣ (ротатсия) фаро гирифтани мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо ва директорони КФ КВД «Лоиҳакаш» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар мансаби роҳбарикунанда беш аз 5 сол фаъолият доранд, чораҳои зарурӣ андешида шаванд (Раҳматуллозода Ш.И., Зокиров Ғ.Ҷ., Нурализода Ш.Ш., Шарифзода Д.Ш.).
- аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита дар соли 2019 гузаронида шавад (Муовинони Раиси Кумита, Зокиров Ғ.Ҷ., Нурализода Ш.Ш., роҳбарони зерташкилотҳо);
- бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии зуҳуроти коррупсионӣ, дар амал ҷорӣ намудани сиёсати мубориза бо коррупсия, таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар бораи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2019-2020 тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;
- роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барои минбаъд ба таври пурра ва мукаммал пешниҳод намудани маводҳо ва ба таври қатъӣ риоя намудани муҳлати баррасии дастуру супоришҳои додашуда, баланд бардоштани сифати коргузорӣ дар корхонаҳо ва ташкилотҳо чораҷӯӣ намоянд;
- муовинони Раиси Кумита аз рӯи салоҳият оид ба ҳар як ҳолати аз ҷониби сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита ба таъхир гузоштани иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар супоришҳои назоратӣ ба Раиси Кумита маълумоти фаврӣ пешниҳод намоянд ва нисбати шахсони ба камбудӣ роҳ дода чораҷӯӣ карда шавад.
- ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои баёншуда Нақшаи чорабиниҳои Кумита тасдиқ карда шуда, барои иҷро ба роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита ирсол карда шавад (Муовинони Раиси Кумита, Наврӯзов Л.А.).
Дар анҷоми суҳбат Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. бо итминон иброз намуд, ки кормандони Кумита дастуру супоришҳое, ки аз баромади Пешвои муаззами миллат бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд.

Мухбири “Рӯзномаи бинокорон”







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво