Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро сазовори 4 медал гардиданд
546
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни калонсолон дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон, ки ба хотири варзишгари маъруфи ин давлат Ҷамшед Ҳофизов баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 6-8 май бо иштироки беҳтарин паҳлавонони Тоҷикистон, Қирғизистон ва дастаҳои Ӯзбекистон аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар маҷмааи варзишии «Ҳумо» доир шуд. Бояд зикр кард, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали тиллоро Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72кг сазовор шуд. Ислом Маҷидов дар вазни 60кг, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни 97кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд. Хотиррасон менамоем, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагии варзишгарони мо ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |