24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Балҷувон корҳои сохтмонӣ дар 375 иншооти таъйиноти гуногун бо маром идома доранд

560
Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Дар ноҳияи Балҷувон низ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 375 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Дар маркази ноҳия бунёди гулгашти замонавӣ бо шинонидани дарахтони ороишию сояфкан, гулу буттаҳо, роҳраву таҷҳизоти равшанидиҳанда дар арафаи анҷом қарор дорад.

Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ барои 30 ҷои корӣ, бинои осорхона ва боз чанд иншооти дигар идома дорад.

Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бунёди биноҳо вобаста ба талаботи аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар маркази ноҳия талабот ба боғчаи бачагона зиёд буда, бо фармоиш ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои дуошёнаи боғча сохта шуда истодааст. Боғча барои ба тарбия фаро гирифтани беш аз 50 нафар кӯдакон пешбинӣ гардидааст.

Ҳоло дар бинои бойгонии ноҳия низ корҳои заминӣ ва таҳкурсии он ба анҷом расонида шуда, сохтмони ошёнаи якум оғоз мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншооти сохташаванда зери назорат буда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи истифодашаванда диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мувофиқи нақша, як қисми иншоот то моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво