29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суғд: озмуни «Олими сол-2018» ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд

592
Дар Муассисаи давлатии таълимиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни «Олими сол-2018» дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд. Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши илмҳои гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик Субҳонҷон Аъзамов ва дар бахши илмҳои дақиқ доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълимӣ Абдулатиф Азизов сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.

Ҳамчунин Хайрулло Сабуров, Ваҳҳоб Набиев, Қамариддин Тӯхлаев, Дилбар Раҳмонова, Дилбар Тоҷибоева мақомҳои дуввумро дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ишғол намуда, ҷойҳои ифтихорӣ насиби Абдусалом Абдуқодиров, Мамадраҳим Исмоилов, Толибҷон Хабилов, Абдуманнон Одинаев, Анисахон Ёқубова, Додахон Ғуфронов гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода изҳори умед намуд, ки минбаъд низ олимон бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат барои рушди самтҳои Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.

Ғолибони озмун бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво