29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии бемориҳои чашм ба истифода дода шуд

514
Тавре иттилоъ дода будем, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор бинову иншоотҳое, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд, дар вилояти Хатлон қарор дорад. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

10 апрел бо иштироки Сарвазири мамлакат Қ. Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Олимзода, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб А. Хайрулло дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб беморхонаи хусусии бемориҳои чашм иборат аз ду ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

10 апрел бо иштироки Сарвазири мамлакат Қ. Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Олимзода, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб А. Хайрулло дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб беморхонаи хусусии бемориҳои чашм иборат аз ду ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати бино 300 метри мураббаро ташкил дода дар он таҷҳизоти замонавии тиббӣ насбу васл гардидаанд.

Беморхонаи мазкур бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамадов С. дар як мудати кутоҳ сохта ба истифода дода шудааст.

10 апрел инчунин дар кӯчаи С. Шакарови шаҳри Кӯлоб маркази омӯзиши забонҳо ифтитоҳ гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Сарвазири кишвар Қ. Расулзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саид, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб А. Хайрулло ва таъсисдиҳандагони марказ иштирок намуданд.

Зимни кушодашавӣ зикр гардид, ки таъсис ёфтани чунин марказҳоро воситаи хуби таъсиррасонӣ ба сатҳи забономӯзии хонандагон ва донишомӯзон дониста, аз сокинони шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки аз чунин шароити хуби таълимӣ истифодаи самаранок намоянд ва фарзандони худро ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои руси, англисӣ, ки забонҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ташвиқ намоянд.

Меҳмонон аз утоқҳои корӣ, китобхонаи марказ дидан намуда, ба шароити таълиму тадрис баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни сафари кории Сарвазири мамлакат Қооҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи А. Абдураҳмонов як коргоҳи истеҳсол ва фурӯши маҳсулотҳои қаннодӣ низ мавриди баҳрабардории сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор дода шуд. Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Сатторов ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ сохта шуда, 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар корхонаи мазкур маҳсулотҳои қанодӣ истеҳсол мешаванд, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, талаботи мардуми шаҳр ва харидорони берун аз шаҳрро дар оянда қонеъ хоҳанд гардонид.

Нимаи дуюми рӯзи 10 апрел ар деҳаи В. Шамсови ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода майдончаи футболи худ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Масоҳати майдони мазкур 600 метри мурабба буда бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ғозиев Мир сохта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво