19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«NAVRUZ MUBORAK!». Бо чунин суханон роҳбарияти ИМА ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯзро табрик гуфтанд

770
«NAVRUZ MUBORAK!». Бо чунин суханон роҳбарияти ИМА ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯзро табрик гуфтанд
«Ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯз-қадимтарин ҷашн дар рӯи Заминро дар Иёлоти Муттаидаи Амрико ва дар саросари олам самимона табрик менамоям», — гуфт 20 марти соли 2019 Президенти ИМА Доналд Трамп дар паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нави тоҷикӣ-форсӣ. Дар ин бора ShareAmerica хабар медиҳад.

Наврӯз-рӯзи аввали соли тақвими форсӣ, рӯзи муқаддас барои зардуштиҳо ва баҳиҳо, инчунин ҷашни миллӣ дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Онро дар бисёр минтақаҳои Қафқоз, дар Балкан, инчунин дар Осиё Ғарбӣ низ таҷлил мекунанд.

«Наврӯз барои бисёр одамон дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, махсусан дар Эрон беҳтарин фурсат барои шукргузорӣ ва ҷашнгирист, то ки бо ҳам ҷамъ омада, бо ҳисси нави хушбин соли рафтаро гусел ва баҳорро пешвоз гираннд», — гуфт президент.

Наврӯз моҳи март, дар рӯзи эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, ҳангоме, ки офтоб дар хати экватори Замин қарор мегирад ва шабу рӯз баробар мегарданд, фаро мерасад. Имсол дар ИМА эътидоли баҳоронаи шабу рӯз 20 март ба амал меояд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ онҳоеро, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, бо таманниёти нек шодбош намуд. «Аз номи мардуми Амрико таҷлилкунандагони Наврӯзро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон ва тамоми ҷаҳон самимона табрик менамоям. Бигзор Соли нав пур аз эҳё, саломатӣ ва шукуфоӣ бошад. Наврӯз муборак!».

Дар баробари ин, тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷашни байналмилалии Наврӯзро 16 март дар бинои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон низ таҷлил намуданд. Дар ин маросим Сафри ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва ҳамсари ӯ ширкат варзиданд (ДАР АКС).
«NAVRUZ MUBORAK!». Бо чунин суханон роҳбарияти ИМА ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯзро табрик гуфтанд
«NAVRUZ MUBORAK!». Бо чунин суханон роҳбарияти ИМА ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯзро табрик гуфтанд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво