24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо ҳунарнамоии карнайнавозону доирадастон таҷлил намуданд

545
21 март дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тантанаҳои асосии вилоятии Иди байналмилалии Наврӯзи вилояти Суғд бо иштироки васеи намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ҷашн гирифта шуд. Дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.

Дар ин рӯз даромадгоҳи Қасри маданияти Арбоб ба худ ҷойгоҳи идона касб карда буд. Зеро растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, барномаҳои бадеии театрикунонидашуда ва фарҳангӣ, ҳунарнамоии карнайнавозону дойрадастон, қироати суруди “Бойчечак” аз ҷониби толибилмон ба иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ рӯҳияи идона бахшид.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар барнома аз растаю хаймаҳои наврӯзӣ дидан намуда, мардуми Суғдзаминро бо ин Иди аҷдодӣ — Наврузи хуҷастапай табрик намуданд. Зикр шуд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои куҳани тоҷикон маҳсуб ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ суннатҳои хоссаи наврӯзӣ эҳё гардида, маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт. Ин аст, ки шукӯҳи он ҳамасола боло меравад.

Инчунин дар доираи таҷлили тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, ки аз се ошёна иборат буда, озмоишгоҳҳои он барои ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрокӣ, экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию меъморӣ равона гардидаанд ва қаҳвахонаи «Шоҳона», ки бо ташкили он 25 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ифтитоҳ гардид.

Инчунин дар ин рӯз дар маркази шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд, ки дар масоҳати 0,55 гектар ҷой гирифта, аз ду фаввора, шаршара бо андозаи 12х4 метр, ду минтақаи шоҳмоти заминии калонҳаҷм ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт иборат аст, мавриди истифода қарор гирифт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво