19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НАВРӮЗ – ИБТИДОИ ОФАРИНШИ ОЛАМ. Ин ҷашн омили ба ҳам омадани одамон ва ба зандагии ободгарона оғоз ниҳодани онҳо ба шумор меравад

630
Мояи ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург аз оғози айёми эҳёи табиат мужда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоҳату саодат эҳдо менамояд.

Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, адлу эътидол, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.

Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ, ки дар мамлакати мо Наврӯзи Аҷам таҷлил мегардад, мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Сангов дар робита ба баъзе оин ва анъанаҳои наврӯзӣ ҳамсуҳбат гардид.
  НАВРӮЗ – ИБТИДОИ ОФАРИНШИ ОЛАМ. Ин ҷашн омили ба ҳам омадани одамон ва ба зандагии ободгарона оғоз ниҳодани онҳо ба шумор меравад
Тавре Раҷабалӣ Сангов иброз намуд, Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги мардуми ориёӣ, махсусан дар солҳои соҳибистиқлолии миллии кишварамон шукӯҳу шаҳомати хоси идона пайдо кардааст. Вобаста ба маросим, анъана ва оинҳои Наврӯзи оламафрӯз дар гузашта (бо забонҳои паҳлавӣ, форсии нав ва арабӣ) ва дар ин айём бо забонҳои гуногун асарҳои зиёд ва таҳқиқоти муфассал ба нашр расидаанд. Ин ҷашни байналмилалӣ дар Тоҷикистону давлатҳои Осиёи Миёна ва қисме аз минтақаҳои олам ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз ва оину анъанаҳои он барои ҳамаи халқҳои ориёӣ, ба истиснои баъзе аз ҷузъиёти он умумияти ягона дорад. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ зикр мекунад, ки «аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре дар рӯзҳои маълум ва рӯзҳои гаронмиқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст».

Ҳамчунин ҳамсуҳбат зикр намуд, ки доир ба Наврӯзи Суғд Абӯрайҳони Берунӣ маълумоти муфассале овардааст, ки аз ҷумла чунин ақидаи ӯ барои равшанӣ андохтан ба асли мақсад- таърихи ҷашни Наврӯз ва маросими он муҳим аст: «Навсард- рӯзи аввали он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи бузург бошад». Ин суханро Абӯрайҳони Берунӣ дар боби «Дар идҳо ва моҳҳои суғдиён»-и асараш «Осор-ул-боқия» навиштааст. Дар идома менависад: «Ва рӯзи бистуҳаштуми он зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оғом» меноманд. Ва дар ин ид дар оташкадае, ки наздики қарияи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизтарини идҳо аст. Ва дар ҳар деҳе, ки бошанд, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст».

«Аз ин маълумот бармеояд, ки расму оинҳои бо ҳам дидани ҷашни Наврӯз, махсусан дар деҳот, бо дастаҷамъӣ ташкил ва гузаронидани маъракаҳои ид дар фарҳанги мо анъанаҳои дурударози таърихӣ доранд, ки хушбахтона, онҳо то ба кунун расидаанд. Агар ба ҷашни Наврӯз ва мақоми он дар ҷомеа чашмандозӣ кунем, равшан хоҳад шуд, ки равобити зиёдеро дар таркиби маросим ва анъанаҳои фарҳанги ҷашнии бисёр халқҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем. Масалан, умумияти байни ҷашни миллии форсизабонон Наврӯз ва идҳои бузурги мисриён-Осирис ва юнониён-Адонис мавҷуд аст. Дар ҷашнҳои мисриёну юнониён тантанаҳо бахшида ба бедоршавии табиат, эҳёи олами пир, оғози ҳама гуна кор таҷлил мегардад, ки бешубҳа, пойдорию таъсири анъаноти Наврӯз аст»,- зикр намуд Р.Сангов.

Бояд гуфт, ки густариши Наврӯз дар Машриқу Мағриб хеле барвақт оғоз ёфта, ҳанӯз дар қарнҳои то пайдоишу рушди зардуштия шакл гирифтааст.

Рубоии зерини мардуми Хуросонро метавон гувоҳи ин гуфтаҳо ҳисобид:

Ҷашни Наврӯз аз замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Эрон.

Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар хон.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, шамъи «ҳафт шин»-и хони наврӯзӣ рамзи ғолибияти нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва равшанӣ бар торикиро дошт. Мувофиқи таомулоти расмӣ, шамъро вобаста ба аъзои ҳар оила мегузоштанд. Хомӯш кардани шамъ ҳам рамзӣ буд. Онро бо барги сабз ва ё сабза пӯшонида, хомӯш мекарданд.

«Наврӯз дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониҳо болу пари истиқлол кушод ва ба фарҳанги ҷашнии башарият бисёр маросиму анъана ва оинҳои некро ворид сохт. Танҳо ёдовар шудани он ки анъанаи дар Соли нави аврупоиён афрӯхтани шамъ таърихан аз фарҳанги ҷашнии ниёгони мо ғизо гирифтааст, кофист. Ба ҳукми анъана даромада буд, ки ниёгонамон дар ҷашни Наврӯз хони идонае бо «ҳафт шин» меоростанд. Бо мурури замон ва гузашти айём доира ва доманаи Наврӯз фарохтар шуд. Роҳи Абрешим омили густариши Наврӯз гардид. Савдогароне, ки тавассути Роҳи Абрешим дар арафаи Наврӯз ва ё рӯзҳои наврӯзӣ махсусан ба сарзамини ниёгонамон ба сафар мебаромаданд, аз оинҳои наврӯзӣ огаҳӣ меёфтанд ва ин омили ба тамаддуни дигар халқиятҳо роҳ ёфтани Наврӯз шуд»,-иброз намуд номбурда.

Тавре мусоҳиб зикр намуд, Ардашери Бобакон-асосгузори сулолаи Сосониён дар соли 230-и мелодӣ аз давлати Рум, ки аз ӯ шикаст хӯрда буд, хост ки Наврӯзро дар ин кишвар ба расмият бишносанд. Ин дархост мавриди пазириши қайсари Рум қарор гирифт ва Наврӯз дар қаламрави Рум бо номи Lupercal ҷашн гирифта шуд. Дар ин даврон расм шуда буд, ки дар Наврӯз бомдодон мардум ба якдигар об мепошиданд. Наврӯз дар замони Сосониён на камтар аз шаш рӯз ва дар ду давра ҷашн гирифта мешуд: Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма ва Наврӯзи бузург, ки бо номи Наврӯзи хосса низ машҳур буд. Наврӯзи омма панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашрофон) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ онҳоро мешунид ва барои ҳалли мушкилот ва ё дархости онҳо дастур медод. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор нишаста, тайи панҷ рӯз мардумро қабул карда, ҳоҷати онҳоро мебароварданд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Дар рӯзи шашум ба назди шоҳ танҳо наздиконаш меомаданд.

Вобаста ба ин қайдҳои олими амрикоӣ В. Эберхардро дар бораи ду анъанаи наврӯзӣ — яке ба ҳамдигар об пошидан ва дигари таъсису истиқболи корвони наврӯзӣ (метавон онро карнавал гуфт), ки дертар ба ҷашни солинавии чиниҳо ворид шуд, мисол овардан мумкин аст. Эберхард зикр мекунад, ки «хусусияти характерноки ҷашни мазкур ин буд, ки мардҳо аз кӯчаҳо гузашта, ба ҳамдигар ва ҳамаи тамошобинон об мепошиданд, раққосон дар намоишҳо ширкат меварзиданд ва баъзеи онҳо ҳамроҳи савдогарон ба Чин мерафтанд. Ҷашни Наврӯз дар Осиёи Марказӣ ва Чин ба ҳукми анъана даромада буд».

Ин ки қисме аз халқияту давлатҳои рӯи олам — аз қабили Чину Италия, Германия, Франсия, Бразилия ва дигар давлатҳои хурду бузург чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва ҷашнҳои миллиашонро асосан дар шакли карнавал мегузаронанд, бе гуфтугӯ таъсири яке аз нахустин чорабиниҳои оммавии рӯи олам – Наврӯзи оламафрӯз аст, ки ниёгонамон онро дар шакли оммавии карнавали наврӯзӣ баргузор менамуданд, — зикр намуд Р.Сангов.

Инчунин мусоҳиби мо афзуд, ки бо вуҷуди таъқибу тасаллути аҷнабиён Наврӯз на ин ки завол наёфт, балки бо тамоми оину анъанаҳояш густариш ёфта, ҳатто дар давраи хилофати фотимиёни Миср ҷашни Наврӯз ҳамчун Соли Нав ба ҳукми анъана даромад. Муборакбодиву шодбошгӯиҳои мардум дар кӯчаҳо ва ба рӯи ҳамдигар обпошиданҳову ҳазлу шӯхиву хушҳолиҳои мисриён то соли 946-и мелодӣ давом кард. Ҳарчанд дар ин сол ҳокимон об пошиданро расман манъ карда бошанд ҳам, лекин пеши роҳи ин анъанаро гирифта натавонистанд. Бо вуҷуди дар соли 974 аз ҷониби халифаи Миср расман мамнуъ эълон карда шудани ҷашни солинавии Наврӯз — халқ баръакс онро на ин ки як, балки се рӯз ҷашн мегирифтагӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки Наврӯзро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрону Туркия, Чину Россия, Ҳиндустону Афғонистон, Покистону Озорбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва дигар кишварҳо аксар бо номи шабеҳи як мафҳум- тоҷикон-«Наврӯз», озарҳо- «Novruz», туркҳо- «Nevruz», бошқирду тоторҳо- «Неуруз», қазоқҳо- «Науриз», қирғизҳо- «Нооруз», тоторҳои Қрим- «Navrez», ӯзбекҳо- «Navroz», туркманҳо- «Nowruz», курдҳо- «Newroz», ки маънои ҳамаи он рӯзи нав аст, ҷашн мегиранд.

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Сангов, муҳимият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми мавҷудияти беш аз шашҳазорсола дар баробари пурра нигоҳ доштани оину анъанаҳои худ номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳ дошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тӯлонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Зикри Абӯрайҳони Берунӣ- «Наврӯз ибтидои офариниши олам аст» ноҷо нест. Бегумон, нахустрӯзи офариниши оламро ҳамчун оғози Соли Нав- Наврӯзи оламафрӯз- ғолибияти равшанӣ бар торикӣ, гиристани абри найсону хандаи замину замон, рӯидани сабзаву майса, гулу себарга, насими форами боди баҳорӣ, чаҳ-чаҳу хониши паррандагон, хушҳолии кӯдакон, сайри дашту даман, насими тоза ва парниён гаштани табиат ҳисобидан равост.

Инак, чанд соли охир аст, ки ҷашни Наврӯз ҳукми байналмилалӣ гирифта, дар аксари кишварҳо онро мардум новобаста аз дину мазҳабашон таҷлил мекунанд ва ин ҷашн омили муттаҳидкунандаи халқиятҳо ба шумор меравад. Махсусияти хоси Наврӯзи имсола ва наврӯзҳои оянда он аст, ки он дар тамоми деҳаву ҷамоат ва шаҳраку марказҳои маъмурӣ бо риояи оину анъанаҳои наврӯзӣ, тозаву озода намудани хонаву маҳалли зист, шинонидани гулу бута ва ниҳолҳои боровару сояафкан, зиёрати манзилгоҳҳои гузаштагон, аёдати беморону калонсолон, пирону барҷомондагон баргузор шуда, ба кӯдакону тарбиягирандагон, дардмандону калонсолон ва беморон туҳфаҳо ва кумакҳои наврӯзӣ ҳадя карда мешаванд.

Мояи хушнудист, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси гаронбаҳои фарҳангии башарият — ЮНЕСКО ворид карда шуд ва ҳамасола 21 март Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ эълон гардид. Ифтихори мо тоҷикон боз аз он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи оламафрӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво