19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ ДАР «НАВРӮЗГОҲ» «ГАНҶИ НАВРӮЗӢ» НИШОН ДОДА МЕШАВАД! Онро беҳтарин ҳунармандони Душанбе ва шаҳру навоҳии мамлакат пешниҳод менамоянд

508
Имрӯз, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ганҷи наврӯзӣ» намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ҷолиби консертӣ ҳунармандони ансамблҳои давлатии рақсии «Лола», «Зебо», «Гулрез», «Ҷаҳоноро», «Дарё», инчунин дастаҳои «Ситора», «Парасту», «Новая Эра» суруду тарона ва ракқсҳои наву ҷолиби хешро дар бораи Наврӯз ва Баҳор пешкаши тамошобинон мегардонанд.

Дар саҳна инчунин ҳунармандони ансамбли фолклорӣ- этнографии «Хутал»-и вилояти Хатлон, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ансамбли «Фалак»-и шаҳри Кӯлоб, бахши Раёсати фарҳанги ВМКБ, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли «Славяне»-и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ансамбли эстрадии «Ориё» ҳунари хешро ба намоиш мегузоранд.

Дар ин барнома барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Даниэл Рустамов бо ҳунарнамоии худ табъи тамошобинонро хуш хоҳад гардонид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво