26 май 2019, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

“Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”

69
“Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили силсилаи семинарҳоро дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ намуда, Нақшаи баргузории онҳоро барои соли 2019 тасдиқ кардааст.
Семинарҳои мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2019, №54 (28-1) оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноку оқилонаи замин сурат гирифта, ҷиҳати такмили фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ, омӯзиш ва арзёбии вазъи соҳа, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ва дар ин замина беҳтар намудани ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои соҳавие, ки ба раванди амалигардонии равзанаи ягона ҷалб гардидаанд, гузаронида мешаванд.
Мақсад гузошта шудааст, ки ба кори семинарҳо муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони кумитаҳои замин, сармеъморон, намояндагони сохторҳои минтақавии муҳандисӣ (тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №192) даъват карда мешаванд.
Чунин семинар-машварат рӯзи 14 марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Кумита барои намояндагони шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Варзоб бо иштироки сармеъморон, намояндагони кумитаҳои идораи замин, сохторҳои минтақавии Хадамоти зидди сӯхтор, Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо нерӯи барқ, таъминот бо шабакаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва алоқаи барқӣ, гармидиҳӣ, таъминот бо газ (дар ҳолати мавҷуд будан) баргузор гардид.
Семинар-машваратро муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Абдуалимзода ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки тавассути сиёсати пайгирона ва хираду заковати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон соҳаҳои иқтисоди кишвар рушд намуда истодааст ва вобаста ба ин ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои роҳбари муаззами кишвар дар ин самт аз мутасаддиёни ҳар як соҳа ва дар ҳар як сатҳ кушишу заҳмати содиқона ва донишу малакаи касбӣ зарур мебошад.
Соҳаи меъморӣ ва сохтмон, ки яке аз ҷузъҳои асосии иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушди бомайлони ҷумҳурӣ нақши калидӣ мебозад, ҳамчунин ҳамоҳангсозӣ ва мустаҳкамии фаъолияти муштараки соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама сохторҳои маҳаллии онро дар мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ талаб менамояд.
Бо дарки ин мавзӯъ ва татбиқи Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2018 баён намуда буданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили силсилаи семинарҳоро дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2019 пешбинӣ намудааст.
Аз ин шумора як семинар дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон санаи 26 феврали соли ҷорӣ баргузор карда шуда, семинари имрӯза ва боз як чанд семинари дигар дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои такмили фаъолият дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон, омӯзиш ва арзёбии вазъи соҳа, самаранок истифодабарии қитъаҳои замин, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ва дар ин замина беҳтар намудани ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои соҳавии минтақавӣ равона гардидаанд.
Семинарҳои мазкур боз як иқдоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани рақобатнокӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон низ ба ҳисоб меравад,- гуфт А.Абдуалимзода.
“Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”
Сипас, муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шахноз Рахматуллозода ба сухан баромада, аз ҷумла чунин гуфт:
- Соҳаи меъморӣ ва сохтмон, фаъолияти муштараки соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама сохторҳои маҳаллиро талаб менамояд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, мехостам ба маълумоти ҳозирин расонам, ки Кумита бо дарназардошти рушд ёфтани соҳаи шаҳрсозӣ, пешравии имкониятҳои техникию технологӣ ва дар ин асос пеш омадани талаботи нав ба нав дар соҳа як қатор навгонию амалҳои ҷадидро рӯи кор овардааст, ки ба мувофиқат намудан бо ин талабот равона гардидаанд.
Аз ҷумла, тайи солҳои охир дар Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият намуда истодааст, ки риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, дигар талаботи меъморӣ, аз ҷумла истифодаи услуби муоссир ва унсурҳои хоси миллиро дар сохтмони биною иншоот мавриди таҳлил қарор дода, оид ба ҳар як лоиҳаи пешниҳодгардида хулосаи мушаххас ва эроду пешниҳодҳои мукаммал манзур менамояд, ки ҳангоми гузаштан аз экспертизаи давлатӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Аз тарафи Комиссияи мазкур дар соли 2018 32 ҷаласаи корӣ баргузор карда шуда, дар онҳо 273 лоиҳа мавоиди баррасӣ қарор дода шудааст, ки аз он 179 лоиҳа барои пешниҳод ба Раёсати экспертизаи давлатӣ тавсия дода шуда, 94 лоиҳа барои баррасии иловагӣ баргардонида шудааст.
Ҳамчунин Кумита, фаъолияти шӯрои шаҳрсозии шаҳри Душанберо ба роҳ мондааст, ки он ҳам барои такмил додан ва ислоҳ намудани камбудию норасогиҳо ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ равона гардидааст.
Дар ин замина аз иштироки роҳбарону намояндагони шаҳру ноҳияҳо истифода бурда,Ш.Раҳматуллозода хоҳиш намуд, ки ҷиҳати ташкили шӯроҳои шаҳрсозӣ дар минтақаҳои худ, ки ҳамчун мақоми машваратию тавсиявӣ ба шумор рафта, вазифаҳоро оид ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, рушди ҳудуд, аз ҷумла лоиҳаҳои иншооти бузург ва мураккаби меъморӣ, маҷмааҳои истеҳсолию таъминкунанда иҷро карда, асосноккунии касбӣ, шаффофияти расмиёти қабули қарорҳоро дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон таъмин менамояд, мусоидат намоянд.
Ба андешаи Ш.Раҳматуллозода семинари имрӯза, ки боз як иқдоми Кумита ҷиҳати самаранок намудани татбиқи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти меъморӣ ва сохтмон ба шумор меравад, барои иштирокчиён имконият фароҳам меорад, то ин ки оид ба масъалаҳои ҷойдоштаи соҳа ибрози ақида намуда, ба саволу мушкилотҳо ҷавобҳои асоснок ва мукаммал пайдо намоянд.
Дар кори семинар-машварат сардори Раёсати шаҳрсозии Кумита Искандаров Ф.С. дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин” дар шаҳри Душанбе маърӯза намуд.
-Имрӯз, дар шароити тағйирёбии бавуҷудомадаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, рушди фаъолияти сохтмонӣ, вақте ки замин яке аз воситаҳои асосии истеҳсолот барои соҳибкорон мебошад, давлат бояд дастрасии шаффоф ва баробари тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба захираҳои замин таъмин намояд,- гуфт ӯ.
-Тартиб, раванд ва қоидаҳои додани қитъаҳои замин новобаста аз мақсадҳои истифодаи он бояд ҳатман риоя карда шуда, амалҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор, ки дар интихоб ва додани қитъаҳои замин иштирок мекунанд, бояд дар доираи талаботҳои муқарраршуда бо омузиши хеле дақиқ ба роҳ монда шавад.
Кумита дар ин самт ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида истода, ҳамзамон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 1019, №54 (28-1) ҷиҳати чораҷӯӣ намудан нисбати бартараф ва пешгирӣ кардани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаи интихоб ва додани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳои гуногунтаъинот тасмим гирифтааст, ки семинари мазкурро баргузор намояд.
“Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”

Искандаров Ф. тазаккур бояд дод, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои интихоб ва додани қитъаҳои замин, ки дар асоси муроҷиатҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ворид мешаванд иштирок менамояд.
Ба Кумита дар соли 2018 барои баррасӣ ва хулосабарорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 мактубу парвандаи заминсозӣ ворид шудааст, ки аз он 4 адад аз шаҳри Душанбе, 87 адади он аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 51 адад аз вилояти Суғд, 78 адад аз вилояти Хатлон ва 2 адад аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Таҳлили баррасии муроҷиатҳо нишон дод, ки мактубҳои аз ҷониби Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, бе замимаи нусхаҳои нақшаи замини дархостшуда ва дигар маълумоту хулосаҳои дахлдор бе риояи талаботи кодексҳои шаҳрсозӣ ва замин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №342 аз 1 сентябри соли 2005 “Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ворид шудаанд.
Чуноничи 87 адад муроҷиатҳои аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар соли 2018 воридшуда, аслан 36 мактуб бе замима маводҳои дахлдор, ки нисбати онҳо аз ҷониби Кумита мактуби расмӣ ба унвонии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баррасӣ намудани муроҷиатҳои воридшуда, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдорро зарур аст ирсол карда шудааст. Ҳамзамон, аз баррасии 51 парвандаҳои заминсозӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиатҳои раисони шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омода шуда, пешниҳод гардид, муайян карда шуд, ки хулосаҳои сохторҳои дахлдор оид ба интихоб ва додани қитъаҳои замин барои бунёди иншоот ва биноҳои гуногунтаъинот пурра набуда, якранг ва ба талаботҳои амалкунанда мувофиқ намебошанд. Қариб аз ҷониби ҳамаи сохторҳо хулосаҳо оид ба интихоби замин бо як мазмун, ё бо қайди меъёрҳои соҳавӣ, ки айни замон амалкунанда намебошанд, дода шудааст, ки чунин тарзи корбарӣ аз надонистани талаботҳои амалкунанда дарак медиҳад.
Аз ин лиҳоз, ҳалли масъалаи дуруст мувофиқасозии қитъаҳои интихобшаванда ва натиҷагирӣ намудан аз он, аз ҷониби муовинони раисон ва сохторҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо барои баррасии саривақтии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ замина мегузорад (яъне мавриди баррасии чунин масъалаҳо аз ҷониби масъулин ва сохторҳои дахлдор тибқи талаботи Нақшаи генералӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, сохтмонӣ, экологӣ, геологӣ, зидди сухтор, ҳифзи муҳити зист, шабақаҳои муҳандисӣ ва талаботи мавзеъ ва дигар талаботҳои мавҷуда бояд хулосаҳои дақиқ дода шаванд),- гуфт Искандаров Ф. Ба иттилои ӯ масъалаи интихоб ва додани қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ дошта ва дигар қитъаҳои замин барои сохтмони маҳалҳои аҳолинишин ва ё иншооту биноҳои гуногун зери назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳар як қитъаи замини минбаъд ҷудошаванда дар маҳал бори дигар аз ҷониби гуруҳи корӣ дида баромада мешвад ва дар ҳолати риояи нагардидани талаботҳои муқараршуда, маводҳои коркардшуда бозпасгардонида мешавад.
“Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”

Мақсад аз гузаронидани семинар асосан дар он аст, ки,- гуфт Искандаров Ф.- мо имрӯз тавонем масъалаҳое, ки ба фаъолияти мо вобастагӣ дорад ҳаллу фасл намоем. Имрӯз на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ фаъолияти сармеъморон дуруст ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз, сармеъморон ва мутахассисони онҳоро зарур аст, ки дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолият намуда, ба тарзи зарурӣ иҷро корҳоро ба роҳ монанд.
Аз ҷониби Кумита Дастурамали корӣ барои мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст, ки дар он ҳаммаи талаботҳои дахлдори соҳа ҷамъ оварда шудааст.
Ҳамзамон, мутахассисони Раёсати шаҳрсозии Кумита ҳамарӯза омодаанд, ки вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта дар фаъолияти мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин бо Шумо ҳамкорӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шаванд.
Таҳлилҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки камбудиҳои ҷойдошта асосан дар шаҳру ноҳияҳое, ки Нақшаи генералии амалкунандаро доро мебошанд ба чашм расида, мавриди ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншоот аз ҷониби Раисони шаҳру ноҳияҳо хулосаҳои сармеъморон оиди талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мувофиқат намудани мавзеи интихобшуда, ба инобат гирифта нашудаанд.
Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ Кумита ҷораҳои зарурӣ андешида, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмониро барои амалӣ гардидии мақсади зайл ва дуруст ба роҳ мондани назорати техникӣ ва муаллифӣ аз ҷониби фармоишгарон ва лоиҳакашон дастуру супоришҳои дахлдор дода, иҷроиши онро зери назорат қарор додааст.
Омили дигаре, ки моро ба ташвиш меорад, ба иттилои Искандаров Ф.,- ин нодуруст таҳия гардидани қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Мутаасифона дар ин ҷода низ аз сабаби надонистани қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа Тартиби интихоб ва додани қитъаҳои замин дағалона вайрон карда мешаванд.
Мисоли дигар ин, дар ҷойҳои хавфноку экзогенӣ ва аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони ҳар гуна бинову иншоотҳо ба чашм мерасад. Ҳатто сармеъморон ба талаботи меъёру қойидаҳои сохтмонӣ сарфаҳм нарафта масоҳати интихоби заминро барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар бинову иншоот дидаю дониста зиёд мекунанд. Ҳол он, ки аз рӯи иқтидори истеҳсолӣ, асосҳои техникӣ-иқтисодӣ ва дигар хусусиятҳо тибқи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ қитъаҳои замин ҷудо карда мешаванд.
Дар баробари ин, Кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки мавриди тартиб додани санади интихоби замин барои сохтмони ҳамагуна бинову иншоотҳо ба қитъаҳои замини ҳамшафати роҳ, заҳбурҳо, дарёҳо, каналҳо, хатҳои баландшиддати барқ , газ, роҳи оҳан ва хулосаҳое, ки аз тарафи сохторҳои дахлдор пешниҳод мегардад ба инобат гирифта шавад. Аз муовинони соҳавии раиси шаҳру ноҳияҳо хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати иҷрои чунин талаботҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро ӯ ба он равона кард, ки ҳаммаи ин камбудиву қонуншиканиҳо аз сатҳи пасти донишу малакаи кории мутахассисон мебошад.
-Аз ҳисоботҳои кварталии сармеъморон ва муроҷиати раисони шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки ҳанӯз ҳам норозигӣ барои тақсимоти қитъаҳои замин аз ҷониби шаҳрвандон изҳор мегарданд. Чунин норозигиҳо дар ҷойҳои ноқуллай, хавфнок дар таги хати баландшиддати барқ коммуникатсияҳои муҳандисӣ тақсим гардидани қитъаҳои замин мебошад. Чунин камбудиҳо пеш аз ҳама дар интихоби қитъаҳои замин ба вуқӯъ омадаанд. Барои роҳ надодан ба чунин камбудиҳо зарур аст, ки ҳаммаи масъулини вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор нисбати ҳуҷҷатгузорӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
“Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”

Умуман, камбудиву норасогиҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаи мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо мавҷуд ҳастанд. Барои ин, танҳо сайқал додани дониш ва омӯзиши қонуну қарорҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
Кумита ҳамеша бар он мекӯшад,ки фаъолиятро дар самти шаҳрсозӣ, бунёди маҳалҳои аҳолинишин ва рушди деҳот, самаранок истифодабарии қитъаҳои замин ба танзим дароварда, барои саривақт баррасӣ намудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи онҳо ҳамкорӣ намояд.
Дар ҷараёни семинар-машварат ҳамучунин директори КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» Умаров Улуғбек ва мудири шӯъбаи Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” Шарипов Зайнулло баромад намуданд. Баъд аз анҷоми баромадҳо иштирокчиёни семинар- машварат ба мубоҳисаи самаранок ва баёни пешниҳоду андешаҳо пардохтанд ва саволҳои зиёдеро дар миён гузоштанд ва мутахассисони Кумита ба онҳо посухи сареъ доданд.

Д.Нурзода,
“РБ”







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво