26 май 2019, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

32
Дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 16 марти соли 2019 аз соати 07:00 то 11:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» муваққатан қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҳамчунин дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ муваққатан қатъ гардидани ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳр, аз ҷумла, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин робита Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хоҳиш менамояд, ки дар ин мавридҳо аз дигар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе истифода бурда, қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъӣ риоя намоянд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво