29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст»

589
11 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 107-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки 40 нафар рӯзноманигорону собиқадорони матбуот ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ рӯзноманигоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки «маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо дар кишварамон рӯзноманигорони нашрияҳои давлатию хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд. Ин равандро мо дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров низ баръало ҳис менамоем».

Мавсуф оид ба эътимоди комил доштани мардум ба рӯзномаву расонаҳои чопӣ баён дошт, ки «матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум ба шумор рафта, пешрафти ҷомеаи имрӯза бе он имконнопазир аст. Зеро нашру инъикоси муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳо, чӣ бурунмарзиву чӣ хориҷӣ, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад».

Раиси ноҳия ба иштирокдорони ҳамоиш доир ба нақшаю дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни фархунда — Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки соли равон барномаи вилоятӣ дар ин ноҳия таҷлил мегардад, инчунин корҳои ободонию созандагӣ маълумот дода, рӯзноманигоронро ба ҳамкории боз ҳам қавитар даъват намуд.

Дар интиҳои ҷамъомад аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳамкории қавӣ ба рӯзноманигорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво