29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Хоруғ маркази дилхушии кӯдакон кушода шуд

547
Дар шаҳри Хоруғ, дар канори Бозори марказӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ Маркази дилхушии кӯдакон ифтитоҳ гардид. Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шаҳмирӣ ин иқдоми соҳибкорон Фурқат Амонуллоев ва Хушрӯз Имомбердиевро хуш пазируфта, изҳор дошт, ки «ин аввалин маркази дилхушӣ барои кӯдакон дар шаҳри Хоруғ мебошад. Маҳали интихобаш ҳам муносиб аст. Ҳамарӯза садҳо тан аз волидон ҳамроҳи фарзандони хурдсол барои хариди ин ё мол ба бозор меоянд ва бештари ҳушу ёдашон на ба мол, балки ба нигоҳубини фарзандон аст. Ҳоло метавонанд кӯдакони худро ба ин маркази дилхушӣ супурда, бемалалол аз паи хариди молу коло раванд».

Дар марказ 6 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ба кӯдакон тарзи истифода бурдан аз бозичаҳои одию электрониро ёд медиҳанд. Баҳор Ҷумъаева, сокини шаҳри Хоруғ гуфт, ки “аҳолии маҳаллаи мо нисбат ба маҳаллаҳои дигари шаҳр зиёд аст, аммо то ба имрӯз дар ин ҷо ягон маркази фароғатӣ барои кӯдакон вуҷуд надошт. Фарзандони мо одатан дар кӯчаву паскӯчаҳо бозӣ карда, меафтиданду захм мебардоштанд. Аз ифтитоҳи чунин марказ хеле хушҳол шудем. Мо, волидон ба соҳибкорон барои ин кори хайрашон изҳори сипос менамоем”.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво