19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳилҳои дарёи Элокро мустаҳкам намуданд

546
Дар Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия нуқтаҳои пурхавфи сар задани офатҳои табиӣ дар дарёи Элок муайян гардида, дар деҳаҳои Адолат, Комсомол ва Шафақ корҳои мустаҳкамкунии соҳил ба субот расонида шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба ҷараёни корҳои мустаҳкамкунии соҳили дарё 3 адад эксковатори Хундай ва 6 адад заминковак ҷалб гардида, зиёда аз 1100 метр маҷрои дарё аз шағал тоза ва дарё васеъ карда шуд.

Бояд гуфт, ки соли 2016 дар натиҷаи бориши зиёди борон ва омадани сел аз дарёчаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ва дарёи Элок ба хоҷагии мардуми ноҳия зарари зиёди молӣ расид. Аз ин хотир ҳамасола дар ин минтақа корҳои мустаҳкамкунии соҳил гузаронида мешаванд, то хонаҳои сокинон зарар набинанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво