20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Рӯзи матбуот маҳфили нахустини рӯзноманигорони ҷавон-«Тулӯи сухан» баргузор гардид

512
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили нахустини рӯзноманигорони ҷавон таҳти унвони «Тулӯи сухан» баргузор гардид. Дар он ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ширкат намуданд.

Тавре аз Донишкада хабар доданд, дар маҳфили идона ректори донишкада тамоми ҳаводорони нашрияи «Паёми донишҷӯ»-и донишкада, аъзои маҳфили «Тулӯи сухан» ва рӯзноманигоронро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуд. «Барои он ки дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо афкору андешаи солим ташаккул ёфта, истиқлолияти фикрӣ падидаи фарогири рӯзгори мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон гардад, шуури аҳли ҷомеа ба дараҷаи зарурии худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ расида, дар замири ҳар як сокини кишвар эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ амиқ ҷой гирад, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва холисонаи рӯзноманигорон бениҳоят зарур аст»,-гуфт мавсуф.

Дар идомаи маҳфил Зинатулло Исмоилзода аз таърихи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, изҳор дошт, ки нашрияи «Паёми донишҷӯ» тарғиботгари ғояҳои пешқадам дар самти таълиму тарбияи забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, онҳоро дар рӯҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ тарбия ва ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят мекунад.

Сипас аз ҷониби аъзои маҳфили рӯзноманигорони ҷавон «Тулӯи сухан» барномаи хотирмони фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво