20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шаҳри Норак то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ободу зебо мегардад

621
    Шаҳри Норак то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ободу зебо мегардад
Корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак вусъати тоза пайдо намудаанд. Сокинони шаҳр аз он ифтихор доранд, ки бо дастури Президенти мамлакат имсол иди Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Норак ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзҳо дар ҳошияи омодагиҳо ба ҷашн хурду бузурги шаҳр ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ машғуланд. Ин матлабро мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Мунира Ҳакимова баён дошт.

Мудири бахши шаҳрсозӣ ва меъмории шаҳри Норак Шуҳрат Азимов иброз дошт, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ даҳ иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни мазкур ба фаъолият оғоз менамоянд.

Аз ҷумла, сохтмони бинои истиқоматии ҳафтошёна ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Садриддин Абдулло дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои панҷошёна, майдончаҳои варзишӣ низ бо маром идома доранд. Тибқи лоиҳа, ошёнаҳои якуми ин биноҳо марказҳои хизматрасонӣ, сехҳои дӯзандагӣ, тиҷоратӣ, сартарошхона, кошонаи ҳуснро дар бар мегиранд ва дар биноҳои баландошёнаи иқоматӣ ва маъмурии шаҳр таъмиру тармим ҷараён дорад.

Тибқи иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Норак, аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1,5 километр роҳҳо пурра мумфарш карда мешаванд. Ҳоло дар майдони марказии шаҳр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷассамаи асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомониро бунёд намуда истодаанд. Зеро майдони марказӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ мувофиқат менамояд ва макони сайру гашти насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Инчунин баҳри ободонӣ дар маркази шаҳр гулгаштҳои рангоранг бунёд гардида, зиёда аз бист ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Бо мақсади ҷангалпӯш намудани талу теппаҳои атрофи шаҳр то имрӯз дар мавзеи «Ленин» 5500 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. То рӯзи ҷашн тибқи нақша дар талу теппаҳои атрофи шаҳр 6 ҳазор бех дарахтони сояфкану ороишӣ шинонида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво