20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Бадахшон барои таъмиру тармими роҳҳои мошингард 9 адад техникаи роҳсозӣ интиқол дода шуд

509
Бо мақсади таъмиру тармими роҳҳои мошингарди ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи амалисозии Cозишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар марҳилаи дуввум аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ВМКБ 9 адад техникаи роҳсозӣ интиқол дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, техникаи роҳсозӣ тариқи дидбонгоҳи Қулма ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави вилоят ворид карда мешавад.

Дар маросими қабули техникаҳои роҳсозӣ муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода ва муовини сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳнигаҳдории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эганбердӣ Хуҷаев ширкат доштанд.

Зикр гардид, ки дар ҳолати кушода ва ба талабот ҷавобгӯ нигоҳ доштани роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар тамоми фасли сол муҳимтарин вазифаи роҳсозон ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти чунин техникаи пуриқтидор имкон медиҳад, ки роҳҳои байналмилалиливу ҷумҳуриявии ВМКБ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво