29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе озмуни шаҳрии «Сайри гули лола» доир мегардад

652
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 25 феврал дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ гузаронида шуда, дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст карда мешавад.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмун ва то 18 марти соли 2019 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво